Маълумоти охирин

ТЕША

tesha

ТЕША, олати дуредгарист, ки бо вай чӯб метарошанд. Ҳанӯз аз ибтидои асрҳои миёна дар байни халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла то ҷикон ҳамчун олати рузгор маъмул буд. Тешаро аз пӯлод ё оҳан ва дастаи онро аз чӯби сахт месозанд. Хелҳон гуногуни Теша (пойтеша, устотеша, тешаи қошуқтарошӣ, тешаи шонатарошӣ, тешаи табақтарошӣ ва ғайра) мавҷуданд. Пойтеша (дарозии дастааш тақрибан 1—1,5 м, диаметраш 4—6 см, дарозиаш 20—23 см, паҳноии дамаш 10—12 см ва диаметри зағӯтааш 4—6 см) аз Тешаҳои дигар фарқ мекунад. Бо пойтеша чӯби иморатро чортарош мекунанд. Устотеша (андозааш 10—12 см, паҳноии дамаш 6—8 см ва диаметри зағӯтааш 3—4 см, дарозии дастааш 35—40 см) аз пойтеша хурдтар аст. Тешаи шонатарошӣ ва қошуқтарошӣ нисбатан хурд аст. Дар Қаротегину Дарвоз Тешаи новак (новача) ё Тешаи каркӣ ва Теша чапновак (Тешаи новачааш чаппа) вуҷуд дошт, ки барои коркарди чӯб, сӯрох намудани қисми дохилии баъзе маснуоти чӯбӣ (аз ҷумла, болиштакҳои чӯбӣ, ӯтӯрчаю табақҳои чӯбӣ ва ғайра) хизмат мекард. Ин Тешаҳо шакли новаро дошта, қисми болоиашонро, ки фарохтар аст, ба дарун қат карда, ба даста мустаҳкам менамуданд. Нӯги Тешаи новак ба дарун, яъне ба самти даста ва Тешаи чапновак ба берун (дар шакли новаи байзашакл) каме хам сохта мешуданд. Бо мӯҳраи Теша аксар вақт мех мекӯбанд. Тешаро дар гузашта устоҳои маҳаллӣ месохтанд; ҳоло Тешаҳоро дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсол мекунанд.
Адабиёт: Таджики Каратегина и Дарваза, в. 1, Душанбе. 1966.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …