Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нерӯгоҳи барқии ҳароратӣ (ТЭС)

Нерӯгоҳи барқии ҳароратӣ (ТЭС)

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ҲАРОРАТИ (ТЭС), исттоҳи барқиест, ки энергияи ҳароратии сӯзишвориро ба энергияи электр табдил медиҳад.

tes

Стансияи электрии ҳарорати ду навъ мешавад: станцияи электрии конденсационӣ (фақат барои истеҳсоли энергияи электр хизмат мекунад) ва станцияи электру гармӣ (ҳам энергияи электр ва ҳам буғу оби гарм истеҳсол мекунад). Аввалин Стансияи электрии ҳарорати дар Нью-Йорк (1882), сонӣ дар Петербург (1883) ва дар Берлин (1884) сохта шуданд. Сохтмони Стансияи электрии ҳарорати дар СССР дар асоси плани ГОЭЛРО вусъат ёфт.

Дар Тоҷикистон сохтмони стансияҳои электрӣ солҳои 20 асри 20 аз Стансияи электрии ҳарорати сар шуд. Соли 1926 дар Душанбе аввалин стансияи электрии дизели (иқтидораш 78 кВт) сохта шуд. Солҳои 1957—68 Стансияи электрии ҳароратии Душанбе (иқтидораш 225 ҳазор кВт) ва солҳои 1969—71 Стансияи электрии ҳароратии Ёвон (иқтидораш 180 ҳазор кВт) ба кор андохта шуданд. Станцияи электрии атомӣ, станцияи электрии геотермалӣ ва ғайра низ навъҳои Стансияи электрии ҳарорати ба ҳисоб мераванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …