Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТЕРРАРИУМ

ТЕРРАРИУМ

ТЕРРАРИУМ, террариум (аз лотинӣ tеrrа — замин), хоначаҳои махсусеанд барои нигоҳ доштани ҷонварони хурди хушкгард (аксаран обхокиҳо ва хазандагон) ва мушоҳида намудани ҳаёти онҳо. Ба сифати Террариум қуттии деворҳояш қисман шишагин ё бо тӯри сӯрохиҳояш хурд иҳоташударо кор мефармоянд.

terrarium

Дар даруни қуттӣ рег ё хок рехта, санг, чим, ушна, зарф (барои об) ва ғайра мегузораяд. Террариум бо лампаҳои электрӣ гарм ва равшан карда мешавад. Ҳавои Террариум бояд иваз шуда истад ва ҳарорату намнокиаш доимӣ бошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …