Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТЕРОСИПОВ Юрий Григоревия

ТЕРОСИПОВ Юрий Григоревия

ТЕРОСИПОВ Юрий Григоревия (таваллуд 4. 2. 1933, шаҳри Кировободи РСС Озарбойҷон), композитор ва педагоги советӣ. Баъди хатми Консерваторияи Боку (1957) ба Тоҷикистоя омада, солҳои 1959—74 дар Омузишгоҳи мусиқии Душанбе дарс гуфтааст. Аз соли 1974 ин ҷониб дар Москва зиста, бо санъати мусиқии республика робитаи эҷодӣ дорад. Теросипов композитори сермаҳсул буда, дар бисёр жанрҳои мусиқӣ асарҳо офаридааст. Теросипов муаллифя 4 балет — «Афсонаи кӯҳсор» (1964), «Фарзанди Ватан» (1967), «Кӯдак ва Карлсон» (1977), «Винни-пух ва дигарон» (1980) мебошад, ки ҳамаашон дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ таҳия шудаанд. Теросипов инчунин муаллифи 4 симфония, концерт барои виолончел бо оркестр, концерт барои скрипка бо оркестр, «Сюитаи балетӣ», ду достони симфонӣ (ба хотираи А. Лоҳутӣ ва М. Турсунзода), мусиқӣ барои кинофилмҳо, сурудҳои эстрадӣ, песаҳо барои фортепиано ва ғайра мебошад. Як қатор композиторони тоҷик (Д. Дӯстмуҳаммадов, Т. Шаҳидӣ, 3. Миршакар, Ф. Баҳор, Ш. Пӯлодӣ, А. Солиев ва дигар) шогирдони Теросипов мебошанд. Аз соли 1959 аъзои Иттифоқи Бастакорони Тоҷикистон. 3. Тоҷикова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …