Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ТЕРНОПОЛ

Шаҳри ТЕРНОПОЛ

ТЕРНОПОЛ (собиқ Тарнопол), шаҳрест дар РССУ, маркази вилояти Тернопол. Дар соҳили дарёи Серет (шохоби Длестр) воқеъ гаштааст. Узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 175 ҳазор нафар (1984). Тернопол яке аз марказҳои саноатии республика мебошад. Соҳаҳои муҳими саноаташ: хӯрокворӣ (комбинати гӯшт, заводҳои қанд, пивопазӣ) ва саноати сабук (комбинати матоъҳои пахтагин, заводи чарми сунъӣ ва ғайра).

ternopol-c

Инчунин заводҳои электроарматура, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, мошинсозии соҳаи савдо, 2 заводи таъмири автомобил, заводҳои таъмири механизмҳо, чиниворӣ ва ғайра дорад. Масолеҳи бинокорӣ истеҳсол мекунад (комбинати индустрияи сохтмон, заводҳои маснуот ва конструкцияҳои оҳану бетонӣ ва ғайра). Дар шаҳр иншоотҳои тиббӣ, молияю иқтисодӣ, педагогӣ, филиали Институти политехникии Лвов, 2 техникум, омӯзишгоҳи мусиқӣ, театри драмаи мусиқӣ, филармония, музеи кишваршиносӣ мавҷуданд. Ёдгориҳои меъмории асрҳои 16—18 боқӣ мондаанд. Шаҳр аз соли 1540 маълум аст.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САЯН

САЯН (кӯҳҳои Саян), кишвари кӯҳиест, ки дар қисмҳои ҷанубии кишвари Красноярск ва вилояти Иркутск, қисми …