Маълумоти охирин

ТЕРМОС

ТЕРМОС, зарферо гӯянд, ки ҳарорати хӯроку нӯшокиҳоро нигоҳ медорад. Олими англис Ҷ. Дюар ихтироъ карда буд. Гармишавӣ дар зарфи Дюар фақат аз ҳисоби нурафканӣ ва гармигузаронии девораҳои зарф ба амал меояд. Барои кам кардани нурафканӣ ба девораи зарф нуқра андуда мешавад. Термосҳо аз рӯи таъинот рӯзгорӣ ва махсус (барои муассисаҳои хӯроки умумӣ) мешаванд.

termos

Термосҳои рузгорӣ зарфи шишагии ба ғилофи металлӣ ё пластмассӣ ҷойгиршударо мемонад. Термосҳои гарданаашон борик бештар истеҳсол карда мешаванд. Зарфияти ин гуна Термосҳо аз 0,25 то 2 л аст. Дар муассисаҳои хӯроки умумӣ барои нигоҳ доштан ва кашонидани маҳсулоти кулинарӣ Термосҳои 30 литра — термоконтейнерҳоро истифода мебаранд. Дар савдои чакана барои фурӯхтани самбӯсаҳои гарм, яхмосҳо ва ғайра термолоткаҳои ҳаҷмашон то 10 л истифода мешаванд. Термолоткаҳоро асосан аз алюминий сохта фазои байни девораҳои термоизоляционии онҳоро бо пӯкреза, коғази чин-чин, фолгаи алюминий ва ғайра пур мекунанд; сарпӯшашон дуқабата аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …