Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕРМОМЕТРИЯ

ТЕРМОМЕТРИЯ

ТЕРМОМЕТРИЯ (аз термо… ва …метрия), як фасли физикаи амалиро гӯянд, ки таҳияи усӯлу воситаҳои чен кардани ҳароратро меамӯзад. Термометр як фасли метрология низ ба ҳисоб меравад: он масъалаҳои ягонагӣ ва саҳеҳияти ченкуниҳо, муқаррар намудани шкалаҳои ҳарорат, сохтани эталонҳо, дарёфти усулҳои дараҷабандӣ ва санҷиши асбобҳои ҳароратсанҷро дар бар мегирад. Ҳароратро бевосита чен кардан имкон надорад: онро аз руи тағйир ёфтани хосиятҳои физикии ҷисмҳо (ҳаҷм, фишор, муқовимати электрӣ ва ғайра) муайян мекунанд. Усулҳои чен кардани ҳарорат гуногун мешаванд; онҳо ба тарзи кори асбобҳо, диапазонҳои ҳарорати ченшаванда, шароити кор ва саҳеҳияти матлуб вобастаанд. Асосан ду гурӯҳ усулҳои чен кардани ҳарорат маъмул аст: услуби контактӣ (термометрия) ва услуби ғайриконтактӣ (Термометри афканишот ё пирометрия).

termometr

Дар услуби контактӣ ҳарорати асбоби андозагир бояд бо ҳарорати муҳит дар мувозинат бошад. Ҳамаи асбобҳои ҳароратсанҷ асосан аз ду қисм — элементи ҳассос (дар он хосиятҳои термометрӣ ба амал бароварда мешавад) ва асбоби андозагир (ба элементи ҳассос вобаста буда, ифодаҳои ададии ин хосиятро чен мекунад) иборат аст. Асбобҳои ченкунандае, ки тавассути онҳо қиматҳои ададии хосиятҳои термометриро муайян мекунанд (манометр, потенциометр, логометр, милливолгметрҳо ва ғайра), асбобҳои ёрирасон номида мешаванд. Термомотрҳои техникӣ алоҳида-алоҳида дараҷабандӣ нашуда, балки бо асбобҳои ёрирасон муштарак истифода мешаванд. Барои ягонагӣ ва саҳеҳияти ченкунии ҳарорат аз эталони давлатии воҳиди ҳарорат келвин истифода мебаранд, Киматҳои ҳарорати бо эталон муқоисашуда ба асбобҳои намунави гузаронида шуда, вобаста ба он асбобҳои кории ҳароратсанҷ дараҷабандӣ ва тафтиш карда мешаванд. Термометрҳои муқовиматии аз германий (1,5— 13,8 К) ва платина (13,8—903,9 К (630,7°С)] сохташуда, термопараи платинагӣ (630,7—1064,4°С), платинародий (90% Рt, 10%Rd) ва пирометри оптикӣ (зиёда аз 1064,4) намунаи асбобҳои ҳароратсанҷ мебошанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …