Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТЕРМИТҲО

ТЕРМИТҲО

ТЕРМИТҲО як гурӯҳ ҳашаротро номанд, ки ба нонхӯракҳо ва гаҳвораҷунбонҳо монанданд. Термитҳо одатан якҷоя (аз садҳо то якчанд млн) шуда зиндагӣ мекунанд; ҳар як гурӯҳ аз термитҳои нарина ва термитҳои модина («ҷуфти шоҳона»), «аскар»ҳои калону хурд ва коргар»-ҳо иборат аст. Қисми бисёри оила аз «коргарҳо» иборатанд, ки онҳо аъзоёнро бо хӯрок таъмин намуда, лона месозанд, тухм ва кирминаро нигоҳубин мекунанд. «Аскарҳо» бошанд, гурӯҳро аз душман ҳифз менамоянд; баъзе термитҳо «аскар» надоранд. Дарозии термитҳои «коргар» 2—15 мм, аскар то 20 мм ва термитҳои модина бо тухмдонаш 140 мм аст. термитҳои болиғ 2 ҷуфт пардаболи дароз доранд. Хӯроки аксар термитҳо занбӯруғ мебошад. Термитҳо одатан тарзи ҳаёти пинҳонӣ мебаранд.

termitho

Лонаашонро дар зери замин, мағзи чӯб ва рӯи замин месозанд, ки шакл ва андозаашон гуногун аст; лонаи баъзе намудҳои тропикии термит 15 м баландӣ дорад. Дар лонаи термитҳо бисёр ҷонварони бемӯҳра (термитофилҳо) — гамбускҳо, хараки хокӣ, бисёрҳопойҳо ва ғайра сокин мешаванд. Термитҳо дар тропикҳо, субтропикҳо ва қисман дар минтақаи иқлимаш мӯътадил паҳн шуда, қариб 2600 намуд (аз 6 оила)-ро дар бар мегиранд. Дар СССР 7 намуди термитҳо (аз 4 онла), аз ҷумла дар Тоҷикистон 2 намуди он (термитҳои калони закаспий — Аnacanthotermes (ва термитҳои туркистонӣ — А. (Ahngerienus) мушоҳида мешавад. Термитҳо ба маснуот ва иншооти чӯбии, дарахтон зарар мерасонанд; коғаз, картон, матоъҳои пашмин ва пахтагин, чарм ва ғайраро хӯрда сӯрох мекунанд; зери биноҳоро кофта ноустувор мегардонанд. Алҳол бар зиди термитҳоми зараррасон мубориза бурда мебаранд.

Адабиёт: Термиты и меры борбы с ними, Ашхабад. 1968; Жужиков Д. П., Термиты СССР, Москва. 1979.

Н. Мӯъминов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …