Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТЕРЕШКОВА Валентина Владимировна

ТЕРЕШКОВА Валентина Владимировна

tereshkova

ТЕРЕШКОВА Валентина Владимировна (таваллуд 6. 3. 1937, деҳаи Маслениково, раёни Тутаеви вилояти Ярославль), лётчик кайҳоннаварди СССР, полковник инженер (1970), Қаҳрамани Иттифоқи Советӣ (1963). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1962. Соли 1960 Техникуми ғоибонаи саноати сабуки Ярославлро хатм кардааст. Дар аэроклуби Ярославль бо спорти парашютӣ шуғл варзида бо парашют 163 маротиба ба Замин ҷаҳидааст. Аз соли 1962 дар отряди кайҳоинавардон. Аввалин занест, ки 16 июни 1963 бо киштии кайҳонии «Восток-6» ба кайҳон парвоз намуд. Терешкова дар парвози гурӯҳи бо В. Ф. Быковский («Восток-5») атрофи Заминро дар 70 соли 41 дақиқа 48 маротиба давр зада, тақрибан 2 млн км масофаро тай намуд. Соли 1969 Терешкова Академияи ҳарбии ҳавоии нженерии ба номи Н. Б. Жуковскийро хатм кард. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 7— 11) ва аъзои Президиуми Совети Олии СССР. Раиси Комитети советии занон (1968-87) ноиби президенти Федерацияи демократии байналхалқии занон (аз 1969), аъзои Совети Умумиҷаҳонии Сулҳ. Дар съездҳои 24, 25, 26 ва 27-уми КПСС аъзои КМ КПСС интихоб гардидааст. Бо ордени Ленин, ордени Роволюцияи Октябр ва ордену медалҳои бисёр мамлакатҳои хориҷӣ мукофотонида шудааст. Терешкова инчунин Қаҳрамони Меҳнати Социалистии РСЧС, РХБ, Қаҳрамони Меҳнати Республикаи Социалистии Вьетнам, Қаҳрамони РХМ мебошад. Яке аз танӯраҳои тарафи нонамоёни Моҳ номи Терешковаро дорад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …