Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТЕРЕНИН Александр Николаевич

ТЕРЕНИН Александр Николаевич

terenin

ТЕРЕНИН Александр Николаевич (6. 5. 1896, шаҳри Калуга 18. 1. 1967, Москва), физику химики советӣ, асосгузори мактабест оид ба фотохимия; академики АФ СССР (1939; аъзо коррспондент 1932), Қаҳрамонн Меҳнати Социалистӣ (1966). Баъди хатми Университети Петроград (1922) дар ҳамон ҷо ва дар як вақт дар Институти давлатии оптика кор кардааст. Аз соли 1932 профессори Университет Давлатии Ленинград.

Теренин якҷоя бо В. Л. Ермолаев ҳодисаи нақли триплет—триплетии энергияро кашф намуд. Бо усулҳои спектрӣ ва оптикӣ бисёр реакцияҳои фотохимиявиро омӯхт ва табиати онҳоро ашкор сахт. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1946). Бо 4 ордени Ленин, 2 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Асарҳо:    Введение в спектроскопию, 1933; Фотохимии паров солей, Л.—М., 1934; Фотоника молекул красителей и родственных органическях соединений, Л., 1967.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …