Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕРАТОЛОГИЯ

ТЕРАТОЛОГИЯ

ТЕРАТОЛОГИЯ (аз юнонӣ зиштрӯй, ноқис, маъюб ва …логия), илмеро гӯянд, ки маъюбӣ ва нуқсонҳои инкишофи растанӣ, ҳайвонот ва одамро меомӯзад. Тератологияи ҳайвонот сохти номӯътадили организмро, ин асосан ба ихтилоли нумӯи ҷанин вобаста аст, тадқиқ мекунад. Барои тафсири илмии Тератология коллекцияҳои тератологӣ аз қадим ғун кардашуда кӯмак мерасонанд. Яке аз чунин коллекцияҳои аввалинро охири асри 17 анатоми голландӣ Ф. Рёйс ҷамъ карда буд. Пётри 1 ҳангоми дар Голландия буданаш (1697—98) бо ин коллевсия шинос шуд ва соли 1747 онро харида, ба Петербург овард. Дар коллекцияи мазкур, ки чун Куноткамера машҳур аст, ҷасади як гӯсолаи дусара, ду ҷанини танаашон ба ҳам часпода ва ғайра ҳаст. Тератологияи муосир сабаб ва тарзи ба вуҷуд амадани касалиҳои ирсӣ ва нуқсони инкишофи батни модарии ғайриирсиро тадқиқ менамояд. Пешгирӣ кардани инкишофи нуқсонҳои модарзод дар одаму ҳайвонот вазифаи асосии Тератология мебошад. Барои ҳалли ин масъала ошкор намудани тератогенҳое (моддаҳои химиявӣ ё омилҳои табиие, ки боиси маъюбӣ мегарданд), кӣ ба одам ё ҳайвонот таъсир карда метавонанд, аҳамияти калон дорад, Масалан, таъсири тератогенӣ доштан ё надоштани ҳаман доруҳои навро пеш аз истифода дар ҷанини ҳайвонот месанҷанд. Моддаҳаи химиявии заҳрноки дар хоҷагии қишлоқ истифодашаванда низ ба назорати тератологӣ мегузаранд.

Тератологияи растаниҳо нуқсонҳои ирсию ғайриирсӣ ва инкишофи нодурустро, ки боиси тағйироти миқдор, ҳаҷм, ҷойгиршавию сохти узвҳо ва ғайра мегардад, меомӯзад. Сабабҳои зуҳуроти тератологӣ: сирояти вирусҳо, миколаамаҳо, бакстерияҳо, занбӯруғҳо, зараррасонии нематодаҳо, канаҳо, ҳашарот, дурагакунӣ, афканишоти нонатациякунанда, омилҳои геофизикӣ, нуриҳо, пеотицодҳо, ҳарорави баланд ё паст, зиёд ё кам будани обу рӯшноӣ ва ғайра.

Тадқиқоти инкишофи тератолотӣ барои таҳлили таҳаввули морфофизиологӣ раставӣ ва (муқаррар намудани қонуниятҳои патологияи муқоисавии организмҳои наботӣ (бо мақсади селекция, муайян намудани роҳҳои зиёд кардани ҳосили наботот, муҳофизати онҳо аз ҳашароту микробҳои зарарасон, бемариҳо, ҳангоми ҷустуҷӯи сарватҳои табиат ва санҷиши биологии моддаҳои химиявӣ ва ғайра) муҳим аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …