Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТЕРАПИЯ

ТЕРАПИЯ

ТЕРАПИЯ (юнонӣ  — ғамхорӣ, нигоҳубин, муолиҷа), бемориҳои дохилӣ, як соҳаи тибро гӯянд, ки сабаб, аломат, усулҳои ташхис, муолиҷа, пешбинӣ ва пешгирии бемориҳои даруниро меомӯзад. Асосгузорони Т. Буқрот, Ҷолинус, Ибни Сино, Ҷурҷонӣ ва Парацелс мебашанд. Терапия асрҳои 18—19 баъди татбиқи васеи перкуссия (як усули тадқиқи узвҳои дохилист, ки ҳангоми он ятон сатҳи баданро ангуштзанӣ карда, аз рӯи садои ҳосилшуда ҳолат ва мавқеи узвҳоро муайян мекунанд) ва аускулътация босуръат тараққӣ кард. Абӯалин Сино низ ин усулҳоро барои ташхиси бемориҳо истифода бурдааст.

teraliya

Дар инкишофи терапия саҳми Абӯбакри Розӣ, М. Я. Мудров, Г. А. Захаррин, (тарзи пурсиши беморро пешниҳод кардаанд), В. П. Образсов (палпация, яъне усули ламс кардақи узвҳои дохили шикамро пешниҳод намуд) ва Л. Траубе (усули дар клиника чен кардани ҳароратро эҷод кард) калон аст. Асосгузори терапияи илмии Россия С. П. Боткин мебошад. Асарҳои 19—20 дар натиҷаи пешрафти физика, физиолагия ва тараққиёти техника дар терапия   усулҳои нави бо ёрии асбоб муоина намудани беморон пайдо шуданд. Махсусан кашфи нурҳои рентгенӣ ва тараққӣ кардани ташхиси рентгенологӣ, ба вуҷуд амадани электракардиография, усули бе воситаи хун муайян намудани фишори артериявӣ (олими италиявӣ С. Рива-Роччи, 1896; духтури рус Н. С. Коротков, 1905) дар инкишофи терапия аҳамляти калон доштанд. Терапия тараққиёти хос барои ташхис бо ёрии ӯсулҳои гуногуни таҳлили лаборатории хун (пешоб, шираи меъда ва ғайра) ва ҳосил кардани доруҳои нав имконияти калон фароҳам овард. Терапия дар давоми ҳазорҳо сол ҳамаи соҳаҳои тиб (ғайр аз момой, гинеколагия ва ҷарроҳия)-ро дар бар мегирифт. Дар асри 19 дерматололия, веерология, невропатология, бемориҳон сироятӣ, фтизиатрия, фармакология. микробиология ва ғайра чун фанҳои мустақил аз терапия ҷудо шуданд. Дар натиҷа истилоҳи « терапия» тадриҷан бо истилоҳи «бемориҳои дахилӣ» иваз шуд. Асосгузорони мактаби терапевти советӣ М. П. Кончаловский, Г. Ф. Ланг, Д. Д. Плетнёв ва Н. Д. Стражеско мебошанд.

Терапия пеш аз ҳама ташхиси бемориҳои узвҳои дохилиро дар бар мегирад. Алҳол барои ташхиси беморӣ ғайр аз усулҳои перкуссия, палпация ва аускултация боз усулҳои электродиагностика, эндоскоспия, тадқиқоти рентгенологӣ ва ғайраро ба кор мебаранд. Вазифаи дуюми терапия муолиҷаи баморист.  Солҳоии охир усулҳои нави муолиҷа, масалан, химиотерапия (муолиҷа бо доруҳои зиддди барангезандаи беморӣ), варзиши шифои (муолиҷа бо ёрии машқҳои ҷисмонӣ), диетоторапия (муолиҷа бо хӯрокҳои махсус), балнеотерааия (муолиҷа дар курортҳо), физиотерапия (муолиҷа бо гармӣ, таъсири ҷараёни элеттр ва дигар усулҳо) ва ғайраро истифода мебаранд. Дар даҳсолаҳои охир дар СССР роҳи нави муоинаи саломатии одамон — усули диспансерӣ истифода мешавад, ки ҳангоми он на фақат беморон, балки одамони солим низ таҳти назорати духтур мешаванд. Истифодаи ин усул )имкон дод, ки беморӣ сари вақт маълум ва муолиҷа шавад.

Дар ҳамал шаҳру районҳон РСС Тоҷикистон кабинетҳо, шӯъбаҳо ва (марказҳои махсуси терапевтӣ мавҷуданд. Соли 1950 Ҷамъияти терапевтҳо таъсис ёфт, ки ҳоло қариб 1500 нафар аъзо дорад. Декабри 1980 дар Душанбе Съезди 2-юми терапевтҳои республика баргузор гардид.

Доир ба терапия дар 6 кафедраи терапияи факултетҳои табобатӣ ва педиатрии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон, Институти гастроонтерологияи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон, марказҳои кардиологӣ (касалиҳои дил), гематологӣ (касалиҳои хун), профпатолотӣ (бемориҳои касбӣ)-и республикавӣ ва ғайра корҳаи илмию тадқиқотӣ бурда мешаванд,

Нигаред низ Гематология, Кардиология, Нефрология, Пулмонология, Ревматология, Эндокринология.

М. X. Бобохоҷаев.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …