Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Қаторкуҳи ТЕРАКЛИТОҒ

Қаторкуҳи ТЕРАКЛИТОҒ

ТЕРАКЛИТОҒ, қаторкуҳе, ки дар ҷануби Тоҷикистон воқеъ аст. Дар байтш дарёҳои Вахш ва Тоҳирсу воқеъ гашта, аз Шимол ба Ҷануб ба масофаи тақрибан 70—75 км тӯл кашидааст. Баландиаш то 1715 м (дар қисми ҷанубӣ). Аз ҷиҳати сохти геологӣ Тераклитоғ чини антикланалии ассиметрӣ мебошад, ки аз таҳнишасти давраҳои табашир, палеоген, неоген (оҳаксанг, гил, регсанг, алевролит) таркиб ёфтааст. Дар нишебиҳои қаторкӯҳ гиёҳҳои эфеморӣ ва яксолаву бисёрсола (Ғеша, ҷорӯбак) ва ҷо-ҷо (дар баландиҳои зиёда аз 900 м) талхакбодом мерӯянд. Кани варақсанги сӯзандаи қаторкӯҳ ба таҳнишастҳои давраи палеоген мансуб аст.            Ӯ. Олимов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …