Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТЕППАИ ШОҲ

ТЕППАИ ШОҲ

ТЕППАИ ШОҲ, ёдгории археологии мансуб ба давраи Кушониён (асрҳои 1—3 м.), ки дар ҳудуди раёнии Қабодиёни вилояти Қӯрғантеппа, дар соҳили дарёи Аму воқеъ аст. Теппаи шафтолубоғ соли 1928 кашф гардид. Солҳои 1957

(А. М. Манделштам) ва 1972 (Б. А. Литвинский) ҳафриёти археологӣ гузаронида шуд. Теппаи шоҳ аз чашд қисм иборат аст. Қисми марказӣ росткунҷа буда, бо деворҳои мудофиавӣ ва манора иҳота шудааст. Аз биноҳои хоҷагӣ хуму хумпораҳо, анҷому ашёк гуногун, тамаи замони Кушониён ба даст омад. Толоре кушода шуд, ми ҳамкалҳоя гачӣ ва сутуиҳои оалгӣ дорад. Инчунин як манора кушода шуд, ки дар кунҷи қалъа аз похсаю хишт бунёд гардидааст ва аҳамияти ҳарбӣ дорад. Қабрҳое, ки дар Теппаи шоҳ кушода шуданд,          ба новус шабоҳат доранд. Аз қабрҳо оинаҳои биринҷӣ, марҷонҳои сафолӣ, тангаҳо, асбоби зебу зинат бутҳои гаҷӣ, ҳайкалчаҳои сафолӣ ва ғайра ёфт шуданд. Бозёфтҳаи Теппаи шоҳ барои аниқ кардани саҳифаҳои норавшани таърихи Кушониён аҳамияти калон дорад.

Адабиёт: Литвинский В. А., Работы Южно-Таджикистанского отряда в 1972 (памятники Шаартузского района), АРТ, в. XII (1972), Душанбе. 1976. В. С. Соловъев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …