Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕПЛОХОД

ТЕПЛОХОД

ТЕПЛОХОД, як навъ киштиест, ки тавассути муҳаррики дарунсӯз ба ҳаракат оварда мешавад. Теплоходҳо бори аввал дар Россия барои кор дар дарёи Волга сохта шуданд: талкерҳои винтии «Вандал» (1903), «Сармат» (1904), ядаккиштии «Мысл» (1907) ва ғайра; барои кор дар баҳри Каспий танкери «Дело» (1908) бунёд гардид. Нахустин киштии (теплоходи) зериобии «Минота» ҳам соли 1908 дар Россия сохта шудааст, ки 2 муҳаррики дарунсӯз (иқтидори ҳар яки он 88 кВт) дошт.

teploxod

Дар хориҷа Теплоход дар Дания соли 1922 сохта шуд (танкери нақлиётии «Зеландия»), ки он ду муҳаррики (иқтидори ҳар яке 920 кВт) дошт. Соли 1913 аз 80 Теплоходи флоти ҷаҳонӣ 70 тоаш азони Россия буд. Такмили муҳаррикҳои дарунсӯз сабаби ба таври васеъ истифода бӯрдани теплоходҳо гардид. Дар теплоход муҳаррики асосӣ муҳаррики дарунсузи ду такта ва чортактаи хурд, миёна ва баландгардиш мебошад. Компрессор ва баллонҳои ҳавоӣ фишурда, систамаи хунуккунии поршенҳо ва силиндрҳо, таҷҳизоти тозакунӣ ва интиқоли сӯзишворию равғанҳои молиданӣ таҷҳизоти ёридиҳандаи шӯъбаи мошинии теплоход мебошанд. Иқтидори меҳини агрегатии муҳаррикҳои киштиҳо ба 36,3 МВт (Теплоходпаромҳо; 1975, Япония), вале иқтидори меҳини дастгоҳҳо ба 2×29,4 МВт (Теплоходи контейнеркашон; Япония) расидааст.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …