Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕПЛОВОЗ

ТЕПЛОВОЗ

ТЕПЛОВОЗ, локомотивест, ки муҳаррики дарунсӯз дорад; қувваи муҳаррик тавассути таҳвили қувваи (механикӣ, гидромеосаникӣ ё электрӣ) ба чархҳо дода мешавад. Ғояи истифодаи муҳаррики ҳароратӣ дар локомотив охири асри 19 пайдо шуд. Муҳаррики намунавии дарунсӯзро инженери рус В.         И. Гриневецклй солҳои 1908—12 сохт. Инженери советӣ А. Н. Шелест соли 1922 тепловози конструкцияаш хеле хубро бо генератори механикии газӣ пеш ниҳод (ин ғоя фақат солҳои 50 асри 20 дар Швеция амалӣ гардид). Нахустин тепловози магистрали дар СССР соли 1924 аз рӯи нақшаи Я. М. Гаккелъ сохта шуд. Тепловозҳои таҳвили электрӣ, ки дар онҳо зонунаварди муҳаррики асосӣ лангари генератори асосии электриро ба гардиш меорад, бештар маъмул гардиданд.

teplovoz

Гардиши лангарҳои муҳаррикҳои электрии кашанда тавассути таҳвили дандонадор ба ҷуфти чархҳо дода мешавад. Ба қисми экипажии тепловози рақам асосӣ ва аробача (тележка)-и ду, се ё чормеҳвара бо ҷуфти чархҳо, буксаҳо ва овезаҳои рессорӣ дохиланд. Дар рамаи асосӣ кузови тепловози ҷойгир мешавад. Тепловозҳо як, ду ё секузовӣ (я)к, ду ё сесексиягӣ) мешаванд. Тепловози аз кабилаи мошинист (дар кузов) идора мешавад. Мошинист тавассути наззора (контроллёр) бассомади гардиши наварди муҳаррикро муқаррар мекунад. Тартиби кории генераторҳои электрӣ ва муҳаррикҳои электрии кашанда бошанд, вобаста ба профили роҳи оҳан автоматй тағйир меёбанд. Кабинаро аз қисми мошинӣ одатан камераи аппаратҳо ҷудо мекунад, ки дар он асбоб ва дастгоҳҳои пайвасткунандаи занҷирҳои қуввагии тепловози ҷойгир мешаванд. Дар қисми мошинӣ, ба ғайр аз муҳаррик, генератори асосӣ, компрессор, батареяи аккумуляторӣ, филтрҳо ва ғайра ҷойгиранд. Дар тепловози энергияи сузишворӣ назар ба паровоз тақрибан 6 маротиба самараноктар истифода мешавад. К. а. ми тепловозҳои замонавӣ ба 28—32% баробар шуда метавонад ва то 120— 160 км/с суръат мегиранд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …