Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕПЛОТЕХНИКА

ТЕПЛОТЕХНИКА

ТЕПЛОТЕХНИКА, як соҳаи илму техникаро гуянд, ки ба масъалаҳои ҳосил ва истифода кардани гармӣ машғул аст. Гармӣ асосан дар процессҳои элергетикӣ ва технологӣ истифода мешавад. Дар процессҳои энергетикӣ гармиро тавассути муҳаррикҳои ҳароратӣ (нигаред Муҳаррики дарунсӯз, Турбинаи буғӣ Турбинаи газӣ) ба кори механикӣ табдил медиҳад. Кӯраҳои саноати металлургия, химия ва коркарди нефт, мошинҳои гармиивазкунанда ва ғайра аппаратҳои ҳароратианд, ки гармиро бевосита дар процессҳои технологӣ истифода мебаранд. Дар Россия теплотехника ҳамчун соҳаи илм дар асри 18 ба вуҷуд омад ва ба он олими бузурш рус М. В. Ломоносов асос гузошт.

teplotexnika

Инкишофи минбаъдаи теплотехника ба ихтирои мошини бутӣ, истифодаи саноатии сӯзишворҳои табиӣ вобаста аст.  Теплотехникаи замонавӣ масъалаҳол оқилона ва самаранок истифода бурдани гармӣ ва дастгоҳҳои гармӣ, усулҳои такомули табдили онергия, роҳҳои аз энергияи гармӣ бевослъа ҳосил кардани энергияи электр (масалан, проблемаҳои истифодаи генератори магнитогидродинамики, бевосита аз сӯзишворӣ ҳосил кардани энергияи электр, табдили энергия тавассути масолеҳи нимноқилӣ ва ғайра)-ро тадқиқ ва дар амал татбиқ менамояд. Процеосҳои генерация ва истифодаи гармӣ ба асосҳои назариявии теплотехника — термодинамикаи техникӣ (қонунияти табдил ва хосиятҳои энергияи гармиро меомӯзад) ва назарияи интиқоли гармӣ (маълумот дар бора процессҳои бевосита истифода бурдани гармӣ) такя мекунанд.

Я. Раҳимов.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …