Маълумоти охирин

ТЕНОР

ТЕНОР (италиявӣ tenore, аз лотинӣ teneo — медорам), 1) овози мардонаи баландро гӯянд. Меъёр (диапазонаш аз до-и октаваи якум то ля-и октаваи дуюм. Тенор лирикӣ ва драмавӣ мешавад. Тенор аз ҷиҳати темори овозӣ мулоим буда, оҳангро форам ва сабук ба самъ мерасонад. Тенори драмавӣ аз лирикӣ бо он фарқ мекунанд, ки доманаи овозиаш васеъ, меъёри овозиаш бакувват аст. Ғайр аз ин боз Тенори лирикии драмавӣ ва алтипо (то мии октаваи сеюм) мавҷуд аст; 2) асбоби нафасии мусиқиест, ки ба таркиби оркестри нафасӣ дохил мешавад.

tenor

Баъзе асбобҳои мусиқии регистрашон (қатори овозҳо, ки тембри якхела доранд) миёнаро ҳам тенор меноманд. Масалан саксофон— тенор, домбра— тенор ва ғайра. Дар асрҳои миёна (асри 12) онозеро, ки дар асарҳои контралунктӣ оҳанги асосиро мобурд, тенор меномиданд. Тенор дар ибтидо овози паст буд. Сонитар, баъди ба он ҳамроҳ шудани бас тенор ба қатори овозҳои миёна (дар асари бисёровоза) гузашт.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …