Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТЕНДОВАГИНИТ

ТЕНДОВАГИНИТ

tendinit

ТЕНДОВАГИНИТ (аз лотинӣ tеndo — пай ва vagina— ниём) хасмол як навъ газаки ниёми (ғилофи) пой. Асосан дар панҷа ва банди дасту пойҳо, пайвандгоҳи соиду меъсам, оринҷ, нарпаи по (ахиллобурсит) ба вуҷуд меояд. Ҳангоми тендовагинит пойҳо дард карда, ҳаракати панҷаҳои дасту пой душвор мегардад; пӯст сурх шуда, варам мекунад. Баъзе намудҳои тендовагинит чун бемории касбӣ дар пушти панҷа ва банди дасти говҷӯшҳо, мошинисткаҳо, пианинанавозҳо ва ғайра пайдо мешавад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …