Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТЕМУРМАЛИК

ТЕМУРМАЛИК

ТЕМУРМАЛИК (соли таваллуд ва вафот номаълум), ҳокими Хуҷанд дар замони ҳукмронии Хоразмшоҳиён дар НИММАИ АВВАЛИ асри 13, лашкаркаши тоҷик. Темурмалик аз ҳуҷуми муғулҳо ба Мовароуннаҳр паноҳ шуда, аз паи ташкили мудофиаи ватан афтод. Дар натиҷа истилогарон ба дарунтари мамлакат даромада натаванистанд.

temurmalik
Хуҷанд қалъаи қадими мустаҳкаме дошта бошад ҳам, бо одами кам ба муқобили муғулҳо муддати дароз истодагарӣ карда наметавонист. Бннобар ин Темурмалик дар ҷазирае, ки дар миёнаи дарёи Сир воқеъ буд, қалъаи мустаҳкаме бино кард. Ин қалъа аз санги манҷаниқ (аз ин асбоб Чингизиён ҳам ба хубӣ истифода бурдаанд) ва оташи нафт дар амон буд. Темурмалик дар қалъа озуқа ва аслиҳаро низ захира кард. 12 киштии бодбонӣ сохт ва ба аҳолии наҳр кори ҳарбӣ омӯхт. Чингизхон тирамоҳи соли 1219 бо лашкари дусадҳазора ба хоки давлати Хоразмшоҳиён ҳуҷум овард. У қӯшунашро ба се тақсим карда, як гурӯҳи онро бо сардории писараш Чағатой барои забт кардани Хуҷанд фиристод. Муғулҳо бо 20 ҳазор аскар ва 50 ҳазор асирони худ бар зидди ҷанговароии Темурмалик ҳуҷум сар карданд. Дар марҳалаи якуми мудофиаи Хуҷанд ҳарбузарб дар соҳили рости дарё бо амалиёти фаъолонаи Темурмалик мегузашт. Темурмалик ба муғулҳо имкон надод, ки аз санг оббанд сохта аз дар Сир гузаранду шаҳр ва қалъаро ишғол кунанд. Вале марҳалаи дуюми мудофиаи шаҳр бебарор шуд: қисме аз лашкари муғул ба соҳили чапи дарё гузашт ва аз хоинии ашофи шаҳр (савдогарон, рӯҳониён ва ғайра), ки шабона дарвозаи шаҳрро ба душман боз карда буданд, истифода бурд. Қалъаи шаҳр баъди ҷангҳои шадиди кӯчагӣ ба дасти душман афтод. Истилогарон шаҳрро ғорат ва аҳолии онро қир карданд. Темурмалик бо аскаронаш муҳорибаро давом дод. Баъди кам мондани захираи озуқа ва яроқ сипоҳиёни Темурмалик ба киштиҳо савор шуда, ба тарафи Урганҷ равона шуданд. Саворагони муғул аскарони Темурмаликро таъқибкунон аз ду тарафи соҳили дарёи Сир ба сӯи онҳо тирпаронӣ карданд. Ниҳоят, муғулҳо пеши ҳаракати киштиҳоро бо занҷири оҳанин бастанд, вале ҷанговарони Темурмалик занҷирро пора намуда, ба пеш ҳаракат карданд, Оқибат, аскарони Темурмалик бо муғулҳо рӯ ба рӯ омаданд ва ҷанги тан ба тан сар шуд, Пас аз талафоти зиёд Темурмалик. бо як гурӯҳи хурди ҷанговароии худ ба Хоразм омад, ки он ҷо боқимондаҳон лашкари дар ҷанлҳои дигар шикастхӯрдаи Муҳаммади Хоразмшоҳ ҷамъ омада буданд. Темурмалик аскарони қобили ҷангро гирд оварда, муборизаро ба муқобили истилогарони муғул давом дод ва шаҳри Урганҷро далерона муҳофизат кард. Темурмалик ба душман якчанд маротиба зарбаҳои сахт зада шаҳри Янгикентро аз дасти муғулҳо озод кард. Сипас бо аскарони худ ба қӯшуни писари Муҳаммад Хоразмшоҳ Ҷалолуддии ҳамроҳ шуда, дар Хуросон ва Афғонистон ба муғулҳо муқобилат нишон дод. Дертар Темурмалик аз тарафи муғулҳо кушта шуд. Чунон ки С. Айнӣ дар очерки таърихии худ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» менависад, аз миёнбанди Темурмалик халтачае ёфтаанд, ки дар он як каф хок ва як порча коғаз буд, ки дар он чунин навишта шуда буд: «Эй он ки мурдаи ман ба дастат меафтад, агар некхоҳи одамон ва ватандӯст бошӣ, маро бо ин як каф хок гӯрон, ки ин ёдгории ватани азизи маи аст!»
Адабиёт: Бартолд В. В., Сочинение, том 1, Москва, 1963; Айнӣ С., Қаҳрамони халки точик Темурмалик, Кулиёт, ҷилди 5, Душанбе, 1963; Ғафуров Б. Ғ., Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна, китоби аввал, Душанбе, 1983. Н. Неъматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …