Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТЕМУРИЁН

ТЕМУРИЁН

timurid_dynasty_821_-_873_ah

ТЕМУРИЁН сулолаест, ки дар Осиёи Миёна солҳои 1370—1607 ҳукм рондааст. Асосгузораш Темур. Темуриён солҳои 70 асри 14 дар улуси Чағатой ба сари ҳокимият омаданд. Самарқанд ва Ҳирот пойтахти давлати Темуриён буд. Намояндагони Темуриён: Тамур ибни Тарағай Баҳодур (1370—1105), Халил султон ибни Мироншоҳ (1405—09 ҳокими Мовароуннаҳр, солои 1409—11 ҳокими шаҳри Рай), Шоҳрух ибин Темур (солҳои 1409—17 ҳокими олии давлати Темуриён, сол ҳои 1396—1409 ҳокими Хуросон), Улуғбек ибни Шоҳрух (солҳои 1409— 47 ҳокими Мовароуннаҳр, 1447—49 ҳокими олии давлати Темуриён), Абдуллатиф ибни Улуғбек (солҳои 1449—50 ҳокими Мовароуннаҳр). Абулқосим Бобур (солҳои 1449—07 ҳокими Хуросон), Абдуллоҳ Мирзо ибни Иброҳим Султон (солҳои 1450—51 ҳокими Мовароуннаҳр), Султонмаҳмуд ибни Абулқосим Бобур (солҳои 1457—59 ҳокими Хуросон), Абӯсаъид ибни Султонмуҳаммад (солҳои 1451—58 ҳокими Мовароуннаҳр, солҳои 1458—69 ҳокими олии давлати Темуриён), Султон Аҳмад ибни Абӯсаъид (солҳои 1469—94 ҳокими Мовароуннаҳр), Султониаҳмуд ибни Абӯсаъид (солҳои 1494—98 ҳокими Мовароуннаҳр), Султоналӣ ибни Султонмаҳмуд (солҳои 1498—1500 ҳокими Мовароуннаҳр). Соли 150Р Мовароӯннаҳро ӯзбакҳои кӯчманчӣ бо сардории Шайбонихон забт карданд, фақат Хуросон дар дасти Темуриён монд: Султон Ҳусайни Бойқаро (солҳои 1470 —1506 ҳокими Хуросон), Бадеуззамон (солҳои 1506—07 ҳокими Хуросон). 20 май 1507 Шайбонихон Ҳиротро ишғол кард. Заҳируддин Бобур аз таъқиби ӯзбакҳои кӯчманчӣ ба Афғонистон гурехта, онро забт намуд ва соли 1526 Хиндустони Шимолиро ба тасарруфи худ дароварда, ба давлати Темуриёни Ҳинд асос гузошт. А. Валиев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …