Маълумоти охирин

ТЕЛПАК

ТЕЛПАК, каллапӯши мудаввари мӯинаист. Аз давраҳои қадим вуҷуд дошт. Телпакро тоҷикон асосан аз мӯина, чарм, пӯсти қарокӯлӣ, моҳут ва махмал медӯхтанд. Дар Бухорою Самарқанд ва ноҳияҳои ба онҳо ҳамшафат телпакро аз мӯинаи паташ кӯтоҳ мёдӯхтанд. Теппаи телпакро аз пӯстиқарокӯлӣ, лабаки гирдаш да гӯшакҳояшро аз мӯинаи сагобӣ, барра ва астари онро аз мӯина ё ягон матои ғафс медӯхтанд.
Дар водии Фарғона теппаи телпак асосан аз махмали сиёҳ, моҳути сиёҳ ё кабуд, пӯсти барра дӯхта мешуд.

shapki_0

Теппаи чунин телпакҳо ба 4 тарҳ тақсим мешуд ва чандон баланд набуд, гирдаи ин қабил телпакҳоро аз мӯинаи рӯбоҳ ё савсар ва баъзан аз пӯсти баргаи навзод медӯхтанд. Дар замони ҳозира аз пӯсту мӯинаҳои табиию сунъӣ телпакҳои гунотуни зебо медӯзанд. Телпакҳои мардона аз телпакҳои занона ва кӯдакона аз ҷиҳати дӯхт ва андозаашон фарқ мекунанд. Ҳоло телпакро асосан дар корхонаҳои махсус медӯзанд.
М. Ҳомидҷоноеа.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …