Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТЕЛМАН Эрнст

ТЕЛМАН Эрнст

telman_ernst2

ТЕЛМАН Эрнст (16.4. 1886, Гамбург—18. 8. 1944, концлагери Бухенвалд), ходими ҳаракати коргарии Германия ва байналхалқист. Соли 1903 ба Партияи сосиал-демократи Германия дохил гардид. Телман дар Револютсияи ноябри 1918 дар Германия фаъолона иштирок намуд. Аз декабри 1920 Телман раиси ташкилоти гамбургии Партияи Коммунистии Германия (ПКГ).
Тобистоии 1921 ҳамчун вакили Конгресси 3-юми Интернационали Коммунистӣ (ИК) бори аввал ба Россияи Советӣ омад. Роҳбари шӯриши соли 1923 дар Гамбург буд. Телман равияи лениниро пурра қабул кард.
Охири 1925 раиси КМ ПКГ интихоб гардид. Хизмати барҷастаи таърихии Телман дар он аст, ки бо роҳбарии ӯ ПКГ қатъиян ба мавқеи ленинизм гузашт. Аз ибтидои 1925 Телман ба Иттифоқи фронтчиёни сурх (ташкилоги худмудофнакунии коргарон) роҳбарӣ кард. Аз маи 1924 Телман намояндаи ЛКГ дар рейхстаг буд. Солҳои 1925 ва 1932 номзадии Телман ба вазифаи президенти мамлакат пешбарӣ шуд. Телман яке аз арбобони пешқадами ИК гардид. Аз соли 1924 аъзои Президиуми Комитети Иқроияк Интернационали Коммунистӣ (КИИК) ва яке аз ҷонишинони раиси он буд. Соли 1933, баъди барпо гардиданл диктатураи фашистӣ Телман ба пинҳонкорӣ гузашта, муборизаи зиддифашистиро давом дод. 3 марти 1933 гестапо ӯро ҳабс кард. Августи 1944 дар лагери концентрационии Бухенвальд ба қатл расонданд.
Асарҳо: Избранные статьи и речи, т. 1—2,
Москва, 1957—58.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …