Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕЛЛУРИҲО

ТЕЛЛУРИҲО

tellur

ТЕЛЛУРИҲО, пайвасти химиявии теллур бо металлҳо; моддаҳои криссталлӣ намакҳои кислотаи теллуриди гидроген Н2Те-ро гӯянд. Ба сулфидҳо ва селенидҳо монанданд. Теллур бо металлҳои ишқорзамин МеТе, бо металлҳои ишқорӣ теллуриҳои дар об ҳалшаванда (М2Те) ва полителлуриҳо (масалан. №зТе2) ҳосил мекунад. Теллуриҳои металлҳои мутавассит (гурӯҳи IV— VIII системаи даврӣ) пайвастҳои таркибашон тағйирёбандаанд ва дар об ҳал намешаванд, аз таъсири кислотаҳои қавӣ вайрон мешаванд. Теллуриҳо дар табиат дар намуди минералҳои теллурӣ вомехӯранд. Теллуриҳоро зимни гудозиши компонентҳо дар муҳити инертӣ, таъсири мутақобили теллуриди гидроген бо металлҳо ё намакҳои онҳо ва дигар усулҳо синтез мекунанд. Аксари теллуриҳо хосияти нимноқилӣ доранд. Теллуриҳо дар қабулкунандаҳои афканишоти инфрасурх, тормогенераторҳо, термоэлементҳои яхдон, ҳамчунин барои сохтани фотоэлементҳо истифода бурда мешаванд. Теллуриҳо металлҳои ишқорӣ дар технологияи истеҳсоли теллур кор фармуда мешаванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …