Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕЛЛУР

ТЕЛЛУР

tellur

ТЕЛЛУР (лотини Теllurium), Те, элемени химиявии гуӯҳи VI системаи даврии элементҳои Менделеев; рақами атомӣ 52. массаи атомӣ 129, 60, мансуби элементҳои нодир. Дар табиат 8 изотопи собити адади масаашон 120, 122—126, 128, 130 маълум аст, ки дар байни онҳо 128Те (31.79%) на Тс (34,48%) бештар дида мешавад. Аз изотопҳои сунъиаш маъмултаринашон 127Те (Те1/2- 105 шаборӯз) ва 129Те (Тв1/2-33.5 шаборӯз) мебошанд. Олимони немис Ф. Мюллер Теллурро соли 1782 кашф кардааст ва М. Клапрот ин ихтироъро тасдиқ карда, ба он «теллур» ном додааст. 1 • 10~7% қишри Заминро ташкил мекунад. Дар магма ва биосфера миқдори теллур хеле кам аст. Теллур аз баъзе чашмаҳои гарми асризаминӣ якҷоя бо S, Аg, Аu, Рb ва элементҳои дигар такшон мешавад. Як қатор конҳои гидротермӣ ва металлҳои ранга низ маълуманд, ки дар онҳо миқдори Теллур хеле зиёд аст. Теллур металли сафеди нуқратоб; I гуд. 450°С; I ҷӯшиш 990°С; зичиаш 6250 кг/м3. Конфигурацияш электронҳои қабати беруниаш 5з2 5р4; дараҷаи оксидшавиаш —2; +4, +6 баъзан +2. Хосияти химиявиаш ба S на Sе монанд аст. Бо оксиген оксидҳои ТеО, ТеО2,, ТеО3, бо гидроген (дар вақти гарм кардан. H2Те бо галогенҳо ТеСе2, ТеВг, ТеҒ, ТеҒ6 ва ғайра) ҳосил мекунад. Теллур бевосита бо ғайриметаллҳо (5, Р) ва металлҳо пайваст мешавад. Теллур дар истеҳсоли шишаи ҷигарранг ва сурх, Вi2Те3, ва Sb2Те3, дар термогенераторҳо, СdТе дар батареяҳои офтобӣ ва ғайра истифода мешавад.
Теллур дар бофтаҳои ҳамаи растанию ҳайвонот ҳаст. Дар растаниҳое, ки дар хокҳои сертеллур месабзанд, миқдораш ба 2· 10-4—2,5· 10-3% ва дар ҳайвонот қариб 2• 10—6 мерасад. Ба организми одам ҳар шаборӯз ба воситаи хӯраку об 0,6 мг теллур. ворид мешавад. Микдори аз ҳад зиёди теллур барои организм зарар дорад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …