Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕЛЕВИЗОР

ТЕЛЕВИЗОР

ТЕЛЕВИЗОР (аз теле… ва лотинӣ vizo — мебинам), приёмники телевизионӣ, олатест барои тақвия ва ба тасвиру овоз табдил додани радиомавҷҳои барнамаи намоишҳои стансияи телевизионӣ. Телевизионҳои ранга ва муқаррарӣ, стасионарӣ ва сайёр мешаванд. Телевизорҳое, ки саноати СССР истеҳсол мекунад, дар диапазонҳои метрӣ (48,5—400 МГц ва 174—230 МГц; 12 то канал) ва дециметрӣ (470—633 МГц; даҳҳо канал)-и радиамавҷҳо кор мекунанд. Хусусияти асосии телевизор дар он аст, ки ҷараёни тақвият ва табдили радиомавҷҳои тасвиру овоз дар як вақт ба амал меоянд. Антеннаи Телевизор радиомавҷҳои маркази телевизионро қабул карда (нигаред расми 2), онҳоро тавассути кабел ба телевизор интиқол мекунад. Сигналҳо пас аз тақвият ба сигналҳои тасвир ва овоз ҷудо гардида ба киноскоп ва карнаи электродинамикии радио дохил мешаванд. Генераторҳои густариши сатр ва кадрҳо дар экрани кинескоп растри телевизиониро ба вуҷуд меоранд. Системаи телевизиони ранга бар хилофи телевизори муқаррарӣ аз се 1санал иборат аст. Дар он унсурҳои таркиби сигнал: сурх (С), сабз (С3) ва кабуд (К) дар аппарати махсус омехта шуда сипас ба модулятори аппарати ирсол дохил мешаванд. Дар приёмник бошад, сигнал боз ба се канали басомадии С, С3, К ҷудо шуда ба кинескопи ранга ворӣд мегардад.

tvv

Телевизорҳои ҳозиразамони ватанӣ вобаста ба сифат, андозаи экран ва хусусиятгҳои истифода ба 4 стенф ҷудо мешаванд: синфҳои 1,2 ва 3— Телевизорҳои стационарӣ ва синфи 4—телевизорҳои хурд ва сайёр. Ҳоло барои истеҳсоли Телевизор асосан унсурҳои нимноқилӣ ва схемаҳои интегралиро истифода мебаранд.

М. Мамадҷонов.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …