Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕЛЕСКОП

ТЕЛЕСКОП

ТЕЛЕСКОП (аз теле… ва юнонӣ нигоҳ, мекунам), афзори оптикии астрономист барои мушоҳидаи ҷирмҳои осмонӣ. телескопҳои оинагӣ (рефлекторҳо), линзагӣ (рефракторҳо) ва оинагию линзагӣ мавҷуданд. Рефракторҳо асосан дар астрометрия, рефлекторҳо ва телескопҳои оинагию линзагӣ дар астрономия барои тадқиқоги астрофизикӣ истифода мешаванд.

teleskop

Барои гирифтани сурати объектҳои осмонӣ дар фокуси телескоп фотолавҳа ё фотанавор метузоранд. Асбобҳои махсус, ки ба телескоп насб мешававд барои амӯхтани тавсифоти физикии ҷисмҳои осмонӣ: дурахшонӣ, тақсимоти энергия дар слектрҳо, ҳарорат, диаметр ва ғайра имкон медиҳанд. Телескопҳои калонтарин дар таҷҳизоти параллаксӣ насб карда мешаванд. Ғулбаи биниши телескопро дар гирди меҳвараш (ки ба меҳвари Замин параллел мебошад) мувофиқи ҳаракати шаборӯзии ҷис1.\мг осмонӣ чархзананда ҷисми осмониро мунтазам мушоҳида кардан мумкин аст. Дар Шарқ нахустин телескоп дар расадхонаи Ҷайпур (Ҳиндустои) гузошта шуда буд. Онро бо саъи астрономи ҳинд Савай Ҷай Сютҳ (1686—1743) соли 1730 аз Европа оварда буданд. Сонитар (соли 1792) расадхонаи бо телескоп ҷойдодашуда дар Мадрас низ сохта шуд. Калонтарии телеокопрефлектори дунё дар расадхонаи махсуси астрофизикӣ ҷойгир аст, ки диаметри оинаи он 605 см мебошад. Дар Тоҷикистон дар расадхонаи астрономии Ҳисор телескоп-рефлекторе гузошта шудааст, ки диаметри оинааш 100 см аст. С. Содиқова.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …