Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕЛЕСИГНАЛОНӢ

ТЕЛЕСИГНАЛОНӢ

ТЕЛЕСИГНАЛОНӢ (ТС), сигналдиҳиест аз масофа, ки тавассути олатҳои телемеханика ба амал меояд; як фасли телемеханикаро гӯянд ки услубҳои ирсоли информацияи дискретиро доир ба ҳолати объекти назоратшаванда (масалан, «кушодапӯшида,«васлшуда васлнашуда») ва воситаҳои ба шакли мувофиқ (барои идроки бевоситаи оператор, ба мошин идоракунанда дохил намудаи, автоматӣ ба қайд гирифтан) овардани онро меомӯзад.

telesignaloni

Телесгналониро барои назорати таъҷилии процессҳои васли объектҳо ва иҷрои дастурҳои идора, огоҳонии оператор дар бораи аз ҳад гузаштани параметрҳои назоратшаванда ё вайрон шудани объекти назоратшаванда истифода мебаранд Аксар вақт телесгналониро якҷоя бо телеидора кор мефармоянд. Баъзан воситаҳои телесигналонӣ барои ирсоли информацияи андозагириаш дискретӣ (масалан, адади маснуоти истеҳсолшуда, вагонҳои бордор, генераторҳои васлшуда) истифода мешаванд. Телесгналони операторро бо маълумоти ибтидоие таъмин менамояд, ки дар асоси онҳо дар боби идораи объект ба як қарор омидан ва низ дастурҳои идораро таҳлил сохтан мумкин аст. Сигнали хабардиҳанда тавассути системаи муштараки телеидора ва телесгналони ё ба воситаи системаи телемеханикии комплексӣ нақл мешавад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …