Маълумоти охирин
Главная / Техника / СТАНСИЯИ ТЕЛЕФОН

СТАНСИЯИ ТЕЛЕФОН

telephone-station

СТАНСИЯИ ТЕЛЕФОН, маҷмӯи василаҳои техникист барои коммутацияи каналҳои алоқаи шабакаи телефон; яке аз намудҳои узели алоқа. Дар Стансияи телефон каналҳои муайяни алоқа — абонентҳо ва хатҳои алоқа ҳангоми гуфтушунид ба ҳам васл ва баъди анҷоми гуфтугӯ аз ҳам ҷудо карда мешаванд; ба ин мақсад Стансияи телефон ахбори телефояиро аз рӯи самтҳои алоқа муттаҳид ва тақсим мекунад. Стансияи телефонро одатан дар бинои махсус ҷой медиҳанд. Аз рӯи тарзи коммутация Стансияи телефони дастӣ (РТС) ва Стансияи телефон автоматӣ (АТС) мавҷуданд. РТС бо коммутатори телефон ҷиҳозонида мешавад ва каналҳоро оператор —телефонист коммутация мекунад. Дар АТС коммутацияи канадҳо автоматӣ иҷро мешавад. АТС-ҳо аз рӯи навъи олати коммутасионӣ АТС-и мошинӣ, декадӣ-қадамӣ, координатавӣ, квазиэлектронӣ, электронӣ мешаванд. Дар аввали инкишофи алоқаи телефонӣ фақат РТС истифода мешуд. Дар асри 20 автоматонии алоқаи телефони сар шуд. Ибтидои солҳои 70 аксар шабакаҳои телефон бо АТС ҷиҳозонида шуд; алҳол РТС дар баробари АТС фақат дар шабакаи байнишаҳрӣ истифода мешавад. АТС аз таҷҳизоти зерин иборат аст: системаи коммутационӣ ва олати идоракунанда; олати ворида барои васл кардани хатҳои алоқаи телефонӣ ба системаи коммутационӣ, дастгоҳи таъмини энергия; олатҳон ёрирасон (вентиляционӣ, гармкунӣ ва ғайра).

Системаи коммутациони (СК) ва олати идоракунанда (ОИ) одатан дар толори автоматҳо ҷой мегиранд (расм). Тавассути СК бо ёрии ОИ нуқтаҳои ворида ва содираи АТС ба ҳам васл карда мешаванд; барои ин дар аппарати телефон рақами заруриро гирифтан лозим аст. Дар аксар системаҳои мавҷудаи АТС нуқтаҳои ворида ва содира зина ба зина васл карда мешаванд; ҳар як зина ОИ-и худро дорад, ки зинаи ҷустуҷӯ ном дорад.

Олати воридаи АТС дар хонаи алоҳида ҷой дода мешавад. Дар ин хона контактҳои ворида гирд оварда мешаванд. кабелҳои магистралии алоқа ва кабелҳои хатҳои пайвандкунанда, ки гунҷоиши калон доранд, ба кабелҳои гунҷоишашон хурдтар ҷудо мешаванд.

Дастгоҳи таъмини энергияро одатан комллекти олати росткунанда, батареяи аккумуляторҳо, олати автокоммутацияи батарея, стансияи электрии дизелӣ (стационари ё сайёр) ва ғайра ташкил медиҳанд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …