Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕЛЕОЛОГИЯ

ТЕЛЕОЛОГИЯ

ТЕЛЕОЛОГИЯ (аз юнонӣ telos — мақсад ва …логия), таълимоти динию фалсафиест, ки падидаҳои табиатро ғоӣ (мақсаднок ё қобилиятти ғоядор) пишдошта, онҳоро, ё аз тарафи худо муайяншуда, ё сабаби фитрии табиат медонад. Бар хилофи детерминиоми материалистӣ телеология мақсаднокиро чун намуди махсуси сабабият эътироф карда, дар ин замина алоқаи сабабии байни ашё ва процессҳои оламро инкор мекунад. Телеология мақсаду маромро фаъоллияти амалии инсон не, балки процесси объективии ба инсон новобаста ҳисоб карда, оқибат ба эътирофи қувваи фавқуттабиӣ ва илоҳӣ меояд.

Дар таърихи фалсафа телеологияро бори аввал Афлотун ва Арасту асоснок намудаанд. Минбаъд телеология дар таълимоти равоқия, фалсафаи асрҳои миёна, Лейбницу Волф, Канту Фихте ва Гегель хеле ривоҷ ёфт. Телеология дар фалсафаи Арабу Аҷам (Муҳаммади ғазолӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Саидалии Ҳамадонӣ ва дигарон) мақоми хос дорад. Аз назари ислом олам натиҷаи мақсади азалие буда, тамоми ҳодисаҳои олам ба мақсаду хираде мансубанд. Форобӣ бо Ибни Сино мавҷудияти ғоятро дар табиат эътироф кардаанд, лекин он ғояти ғаразнок набуд. Ғояти ғаразнок фақат хоси инсон аст. Шаклҳои гуногуни телеология дар илм (витализм, неовитализм) ва фалсафа (А. Шопенгауэр, Э. Гартман, неотомизм) низ нуфуз доранд. Ф. Энгелс моҳияти ғайриилмии телеологияро фош карда гуфта буд, ки мувофиқи ин таълимот гӯё «…гурбаҳо барои мушҳоро хӯрдан, мушҳо барои луқмаи гурбаҳо будан ва тамоми табиат барои ҳикмати офаридгорро исбои кардан ба вуҷуд оварда шудаанд» (Маркс К. и Энтельс Ф., Сочинение, том 20, соли 350). Марксизм ба телеология детерминизми материализро муқобил мегузорад.      Қ. Нурулҳақов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …