Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕЛЕФОНИЯ

ТЕЛЕФОНИЯ

ТЕЛЕФОНИЯ, язе соҳаи илму техникаро гӯянд, ки роҳҳои алоқаи телефониро тадқиқ мокунад ва барои татбиқи онҳо дастгоҳҳои лозимаро таҳия месозад. Телефония ҳамчун фанни илмию техникӣ иҷрои вазифаҳои зеринро ба ӯҳда дорад: омӯзиши хусусиятҳои майдони садо, ки тавассути он таъсири мутақобили узвҳои нутқ, сомеи одам ва табдилдиҳандаҳои электрию акустикӣ (телефон., микрофон) сурат мегирад; таҳияи воситаҳои техникии алоқаи бисёрканалаи телефон ва услубҳои назорат ва баланд бардошта эътимоди аппаратҳои васл, ҳисобу сохтусози табдили ҳандаҳо ва аппаратҳои толефон, воситаҳои васлу идораи стансиҳои телефои, лоиҳакашии шабакаҳои телефон, дарёфти меъёрҳои баҳодиҳӣ ба сифати интиқоли нутқ, бо аппарат ва каналҳои телефонӣ (аз ҷумла муайяи намудани то чӣ андоза бурро, баланд ва табиӣ будани нутқ) ва ғайра иборат аст.

telefon

Такомули техникаи телефон ба таҳияи системаҳои бисёрканала (ҳам аз рӯи басомад на ҳам аз рӯи вақт ҷудо кардани канал) ва татбиқи аппаратҳои зудкори васли идораи стансияҳои автоматии телефон (САТ) вобаста аст. Барои телефония тадқиқи услубҳои рамзбандии (кодомии) информация муҳим мебошад.

Барои ҳалли масъалаҳои телефония принцинҳо ва услӯбҳои назарияи шабеҳҳои электродинамикӣ (ҳангоми омӯзиши назарии табдилдиҳандагон), назарияи занҷирҳои хаттӣ ва ғайрихаттӣ (ҳангоми ҳисоби схемаи аппаратҳои телефон), назарияи эҳтимолият ва ғайраро истифода мебаранд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …