Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ТЕЛ-АВИВ

Шаҳри ТЕЛ-АВИВ

ТЕЛ-АВИВ, калонтарин шаҳри давлати Исроил, маркази иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Бандарест дар соҳили баҳри Миёназамин. Аҳолиаш 329,5 ҳазор нафар (1981). Соҳаҳои саноаташ: мошинсозӣ, коркарди металл, химия, коркарди алмос, фармацевтӣ, бофандагӣ, хӯрокворӣ, коғаз, чарму пойафзол, полнграфия ва ғайра Университет, музею театрҳо ва консерватория дорад.

tel-aviv

Тел-авивро соли 1909 мустамликадорони яҳудӣ шимолтар аз шаҳри Ёффо бунёд кардаанд. Соли 1949 Тел-авив бо Ёффо ҳамроҳ гардид. Солҳои 1948—50 Тел-авив пойтахти мамлакат буд. Январи 1950 ҳукумати Исроил бар хилофи қарори Ассамблеяи Генералии ТДМ Иерусалимро пойтахти мамлакат эълон намуд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …