Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТЕККЕРЕЙ Уилям Мейкпис

ТЕККЕРЕЙ Уилям Мейкпис

makepeace_thackeray

ТЕККЕРЕЙ (Тhackeray) Уилям Мейкпис (18. 7. 1811, Калкатта — 24. 12. 1864, Лондон), нависандаи англис. Аз оилаи амалдор. Муаллифи очеркҳо ва мақолаҳои оид ба нақди адабӣ. Аввалин романи таърихии Теккерей «Шуҳрати Барри Линдон» (1844) аст. Беҳтарин асараш «Намоиши худфурӯш. Романи бе қаҳрамон» (1847—48) зинаи баланди реализми нависанда аст. Дар асар табақаи болоии аристократияи буржуазии Англис моҳирона ҳаҷв шудааст. Романи «Нюкомҳо» (1853—55) аз ҷиҳати тасвири реалистӣ нуқсонҳо дорад, ки онро ҳанӯз Н. Г. Черны, шевакий танқид карда буд. Романҳои «Саргузашти Генри Эсмонд» (1852) ва «Виргиниҳо» (1857) дар асоси принсипҳои реализм эҷод шудаанд. Очеркҳои «Ҳаҷвнигорони асри 18-и англис» (1853)-ро низ навиштааст. К. Маркс Теккерейро дар қатори «ситораҳои тобони» романнависи муосири англис ном бурдааст.
Осор: Собрание сочинения, том 1—12, Москва, 1975—81. Адабиёт: История английской литературы. том 2, в. 2, Москва, 1955; Из истории английской литературы, Москва, 1960.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …