Маълумоти охирин

ТЕИЗМ

ТЕИЗМ (аз юнонӣ theos —худо), таълимоти динию фалсафиест, ки худоро ҳастии мутлақи фавқуттабиӣ пиндошта, онро холиқ ва омири тамоми матҷудот модонад. Фарқи теизм аз пантеизм дар он аст, ки теизм фавқуттабии будани худоро эътироф мекунад. Теизм худоро ҳамчун манбаи ҳастии ҳамаи ашё ва тағйироти олами моддӣ дониста, дар айни ҳол онро вуҷуди аршӣ меномад. Теизм дар ҳалли ин масъала ҳам ба монизми ирфонӣ ва ҳам ба таълимоти паттеистии судур (эманация) муқобил аст.
Теизм дахолати мунтазами худоро ба корҳои олам эътироф намуда, ба таълимоти деизм зид аст. Он дар дини яҳудӣ, масеҳият ва ва ислом инкишоф ёфтааст. Истилоҳи «теизм»-ро аввалин бор файласуфи англис Р. Кедворт (1743) гастифода бурдааст.
Марксизм-ленинизм теизмро яке аз шаклҳои ҷаҳонбинии динӣ дониста, онро рад мекунад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …