Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ТЕҲРОН

Шаҳри ТЕҲРОН

ТЕҲРОН пойтахти Республикаи исломии Эрон, маркази асосии сиёсӣ, иқтисодӣ, савдою молия ва мадании мамлакат. Маркази маъмурии остони Марказӣ. Теҳрон дар доманаи ҷанубии куҳи Албурс, дар баландии 1100—1300 м воқеъ гаштааст. Иқлимаш субтропикӣ, континентӣ, ҳарорати миёнаи январ 2°С, июл 29,40С. Боришоти солона 240 мм. Аҳолиаш қариб 8 млн нафар (1984). Узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард; дар наздикии шаҳр аэропорти байналхалқӣ ҳаст.

tehron
Корхонаҳои саноатии Теҳрон 35%-и маҳсулоти саноати мамлакатро медиҳанд. Соҳаҳои муҳимтарини саноат мошинсозӣ ва коркарди металл (12 заводи васли автомобилу самолёт, заводҳои таъмир, истоҳсоли радиою телевизор, мошинҳои ҷомашӯӣ, яхдонҳо ва ғайра), химия, коркарди нефт, металлургӣ ва ҳарбист. Инчунин корхонаҳои саноати масолеҳи оинокорӣ, шиша ва маснуоти чинию фаянс, бофандагӣ, хӯрокворӣ (заводҳои консерв, орд, виною арақ, фабрикаи тамоку), чарму пойафзол мавҷуданд. Истеҳсолоти косибӣ низ боқӣ мондааст.
Университети Теҳрон, Институти миллии Эрон, Университети саноат, институтҳои политехникӣ, педагогӣ ва ғайра ҳастанд. Китобхонаҳо (Китобхонаи миллӣ, Китобхонал маҷлис ва ғайра), музейҳо (Музеи археологӣ, Музеи этнографӣ, Музеи қасри Гулистон), «Нигористон» ва ғайра дорад. Ёдгориҳои асосии меъмориаш: қасри Гулистон (асрҳои 18—19), масҷиди Сипаҳсолор (асрҳои 19—20) ва ғайра.
Теҳрон тақрибан асри 9 дар наздикии яке аз калонтарин шаҳрҳои Эрон — шаҳри Рай ҳамчун маҳалли начандон калони аҳолинишин бунёд гардида, ҳамчун шаҳр бори аввал дар асри 12 номбар шудааст. Аз асри 18— пойтахти Эрон. Шаҳр махсусан баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45) бо суръат тараққӣ кард. Соли 1943 дар ҳамин шаҳр Конферепсияи сардорони ҳукуматҳои се давлати иттифоқчӣ — СССР, ШМА ва Британияи Кабир барпо гардид (нигаред низ Конференсияи Теҳрон, 1943).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …