Маълумоти охирин

ТЕҒ

ТЕҒ, асбоби бурандаест, ки меҳвари тарҳаш росткунҷа, квадрат ё доирашакл буда, қисми бурандааш шакли муайяни геометрӣ ва кунҷҳо дорад ва аз масолоҳи хеле сахт сохта мешавад. Теғ аз сарак (барандаи қисми бӯриш) ва тана (нигоҳдоранда) иборат аст.tegh

Теғҳо гуногун мешаванд: ҳарротӣ, рандакунанда, сӯрохкунанда (вобаста ба навъи дастгоҳи технологӣ); рострав, чалрав, тӯлӣ, радиалӣ, тангенсиалӣ (аз рӯи ҳаракат); барои металл, чӯб, полимерҳо ва ғайра, вобаста ба навъи чизи буридашаванда); яклухт, мураккаб, кафшершуда ва дигар (аз рӯи сохташон); карбонӣ ҷавҳаронида, тезбур, сафолӣ (вобаста ба масолеҳи қисми буранда) ва ғайра.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …