Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕРМОЭЛЕМЕНТ

ТЕРМОЭЛЕМЕНТ

ТЕРМОЭЛЕМЕНТ (аз термо… ва русӣ элемент — унсур), занҷири электрӣ ва ё як қисми онро гӯянд, ки аз ду ноқили ғайриякҷинса ё аз ду нимноқил таркиб ёфта, амали он ба истифодаи ҳодисаҳои термоэлектрӣ асос ёфтааст. Дар Термоэлементҳо баробари ба энергияи электрӣ табдил додани энергияи ҳароратӣ (ҳодисаи Зеебек), инчунин имконияти ба энергияи ҳароратӣ табдил додави энергияи электрӣ (ҳодисаи Пельте) мавҷуд аст. Термоэлементҳоро дар техникаи андозагирӣ (ба истллоҳ ҷуфтитермикӣ), асбобҳои ҳароратӣ, таҷҳизоти сардонӣ, термогенератор ва ғайра истифода мебаранд.

teelement

Ҷуфтҳои термикӣ ба сифати нишондиҳандаи ҳарорат истифода мешаванд, зеро онҳо барои дар ҳудуди аз —2000С то 3000°С чен кардани ҳарорат имкон медиҳанд; тавассути ҷуфтҳои термикии дифференциалӣ бошад, фарқи хурди ҳароратҳоро чен мекунанд. Барои сохтани ҷуфти термикӣ металлҳои холис ва хӯлаҳои онҳо (платина, платиноиридий, хромеог, алюмен, оҳан, константан ва ғайра)-ро ба кор мебаранд. Дар Иттифоқи Советӣ панҷ намуди ҷуфти термикӣ стандарти ҳисоб мешавад (ГОСТ 6616—61), ки аз онҳо намудҳои ТПП, ТПР, ТХА ва ТХК бештар маъмуланд. Ҷуфти термикии намуди ТХК (хромелу копелӣ) дорои ҳассосияти баланд аст. Ҳангоми 1000С будани фарқи ҳароратҳо дар он қувваи электрҳаракатдиҳандаи термикӣ ҳосил мегардад, ки бузургии он ба 6,95 мВ баробар аст. Термоэлементҳои нимноқилиро барои табдили бавоситаи энергияи ҳароратӣ ба электрӣ ва ҳосил намудани гармию хулукӣ истифода мебаранд. А. Сулаймонов.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …