Маълумоти охирин

СОҶ

tectona_grandis

СОҶ, 1) тик, булути ҳиндӣ (Tectonagrandis), дарахтест аз оилаи мушкбедҳо; то 40—50 м қад мекашад. Баргаш калон (дарозиаш 30— 60 см), гулаш майда, хӯшагулаш туғшакл, мевааш «донакмонанд», чӯбаш сиёҳ. Дар бешазори паҳнбарги Осиё (аз Ҳиндустон то Индонезия) мерӯяд. Соҷро дар ноҳияҳои тропикии Осиё мепарваранд, Чӯбаш хеле хушсифат аст; то 200 сол вайрон намешавад. Онро дар киштиву вагонсозӣ, бинокорӣ, мебелсозӣ ва ғайра фаровон истифода мебаранд. Аз Соҷ барои табобати касалиҳои пӯст, дарди сар, иллати меъда, омос, вараҷа ва ғайра дору тайёр мекунанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар Ҳиндустон рӯидани Соҷро хабар дода, илова кардааст, ки барги онро филҳо дӯст медоранд. 2) Чӯби сиёҳранги дарахти Соҷро низ гӯянд, ки пеш барои киштисози истифода мешуд. 3) соч, як паррандаи сиёҳчаи зоғмонандест.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …