Маълумоти охирин

ТЕАТРШИНОСӢ

333

ТЕАТРШИНОСӢ, илмест, ки назария, таърих ва танқиди санъати театриро меомӯзад. Театршиносӣ ҳамаи соҳаҳои санъати театр: драматургия, санъати актерӣ, режиссёрӣ, ороиши саҳна, меъмории театр, маълумоти театрӣ, ташкили кори театр, тамошобин ва ғайраро дар бар мегирад. Театршиносӣ то охири асри 19 чун «соҳаи филология» асосан драматургия ва санъати актёриро тадқиқ мекард. Театршиносӣ ҳамчун илми мустақил дар асри 20 ташаккул ёфт. Театршиносӣ аввал асосаи театри драмаро тадқиқ менамуд, баъдтар фаъолияти театрҳои опера ва балет, оперетта, бачагон, лӯхтак, ҳаваскорон, эстрада ва санъати циркро мавриди таҳқиқ қарор дод. Асосҳои илми Театршиносӣ дар Юнон ва Рими Қадим пайдо шудаанд. Аристотель дар «Поэтика»-и худ нуқтаҳои асосии назарияи драма ва санъати театриро маънидод кардааст. Инкишофи назария ва таърихи театри мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ бо комёбиҳои санъати театри давраи Эҳьё алоқаманд аст. Аввалин асарҳои таърихӣ ва назариявӣ оид ба саиъати театрӣ охири асри 16 дар Франция, Англия ва Германия пайдо шудаанд. Дар ташаккули илми Театршиносии рус «Поэтика-и Ф. Прокопович (1705, моҳияти иҷтимоии театрро мекушояд), инчунин як қатор асарҳои А. Сумароков, А. Пушкин, Н. Гоголь, В. Белинский, А. Островский ва дигарон ҳиссаи калон гузоштанд. Ибтидои асри 20 асарҳои илмӣ ва фикру мулоҳизаҳои К. Станиславский, В. Немирович, Данченко, В. Менёрхольд, В. Комиссаржовская ва дигарон доир ба санъати актёрӣ, режиссураи театр, имконият ва воситаҳон нави ифодаи санъати саҳнавӣ ва ғайра дар ривоҷи илми Театршиносии советӣ ҳиссаи арзанда буд. Соли 1933 китоби «Таърихи театри совети» аз нашр баромад. Солҳои 30—40 оид ба санъатн актёрию режиссёрӣ ва дигар соҳаҳои театр асарҳою монографияҳои эиёд ба табъ расиданд. Дар инкишофи илми Театршиносии советӣ Н. Эфрос, В. Филиппов, Б. Альпера, А. Гвоздев, С. Мокульский, Г. Бояжнев, Б. Ростоцкий, К. Рудпицкин, Г. Гоян ва дигарон ҳиссаи калон гузоштанд. Театршиносӣ дар Тоҷикистон солҳои 40 пайдо шуда, дар солҳои 50 ба илми мустақил табдил ёфт. Соли 1943 асари Г. Гоян «Театри зодаи Октябр» ба табъ расид. Ин асар доир ба таърихи пайдоиш, инкишоф ва бозёфтҳои эҷодии театри касбии тоҷик сухани аввалинро гуфт. Асарҳои олим, мунаққид ва театршиноси тоҷик профессор Н. Нурҷонов — «Театри халқии тоҷик» (ба забояи русӣ, М., 1956), «Драматургияи тоҷик ва театр» (ҳамроҳи Л. Н. Демидчик, ба забони русӣ, Д., 1967), «Таърихи театри советин тоҷик» (1917—41, ба забони русӣ, Д., 1967), «Театри тоҷик» (ба забони русӣ, М. 1968), бобҳои «Театри тоҷик» дар асари шашҷилдаи «Таърихи театри драмаи советӣ (М., 1966—69), «Дар олами балет» (Д., 1975), «Ним асри пуршараф» (1980) ва ғайра ба ташаккул ва инкишофи Театршиносии тоҷик замина гардиданд. Инчунин мақолаҳои илмӣ, монография ва асарҳои театршиносон М. Шарофов, Л. Ҳасанова, М. Ҷӯрабекова ва дигарон ин ё он соҳаи Театршиноси тоҷикро мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Дар омӯзиши таърих, назария ва масъалаҳои гуногуни Театршиносии тоҷик махсусан ходимони сектори таърихи санъати Институти таърихи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон саҳми калон мегузоранд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …