Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ТЕАТРИ РЕСПУБЛИКАВИИ ДРАМА ВА МАЗҲАКАИ РУСИИ шаҳри Чкалов

ТЕАТРИ РЕСПУБЛИКАВИИ ДРАМА ВА МАЗҲАКАИ РУСИИ шаҳри Чкалов

333

ТЕАТРИ РЕСПУБЛИКАВИИ ДРАМА ВА МАЗҲАКАИ РУСИИ шаҳри Чкалов, коллективи эҷодиест, ки августи 1949 таъсис ёфтааст. Дар муддати қариб 40 соли мавҷудияташ театр бештар аз 200 намоишномаро ба саҳна гузошта, тарғибгари фаъоли комёбиҳои санъати театри советӣ гардид. Театр дар саҳнаи худ бештар асарҳои классикони адабиёти рус, тоҷик ва дигар республикаҳои бародарӣ, драматургони пешқадами хориҷиро намоиш медиҳад. Репертуари театр аз намоишномаҳои «Норасида-и Д. Фонвизин, «Беша»-и А. Островский, «Охирип»-и М. Горькии, «Писари калонӣ»-и А. Вампилов, «Изтироб»-и А. Петрашкевич, «Қувони сафедро напарронед»-и Б. Васильев, «Инотацияи охирини И. Маяковский, «Баъди омадани корвон»-и Я. Гордон, «Роҳҳои мушкил» ва «Бахти ноором»-и М. Рабиев, «Шуоои Отелла»-и А. Баҳорӣ ва ғайра иборатанд. Репертуари театрро асарҳои драматургони хорнҷӣ:’ «Истгоҳи охирин»-и Э. Ремарк, «Жодле»-и П. Скаррон, «Пеппи — Ҷуроби дароз»-и А. Лингрен (1976), «Ишқи номафҳум-и Н. Йорданов (1977), «Зани дуруғгӯи ман»-и М. Мэйо ва Н. Эннекен (1077), «Шогирди иблис»-и Б. Шоу (1970) ва ғайра низ ғанӣ мегардонанд. Дар эҷоди образҳои аҷиб ва барҷастаи саҳнавӣ Артистони Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Ю. Соловей ва Г. Селеэнёва, артистон Ю. Абросимов, М. Юрченно, В. Мазов, В. Кошевая, А. Ямшов, Л. Устюхина, С. Самсонов, Б. Добронравов ва дигарон иштнрок мекунанд. Аксари намоишномаҳо аз ҷониби собиқ саррежисоёри театр
В. М. .Кошевая гузошта шуда, онҳоро саррассом Я. Е. Гушин оро додадааст. Саррежиссёри театр А. В. Мамаев (аз соли 1979) мебошад.
Н. Исломов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …