Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ТЕАТРИ КАЛОНИ АКАДЕМИИ ДРАМАИ ЛЕНИНГРАД ба номи М. Горкий

ТЕАТРИ КАЛОНИ АКАДЕМИИ ДРАМАИ ЛЕНИНГРАД ба номи М. Горкий

ТЕАТРИ КАЛОНИ АКАДЕМИИ ДРАМАИ ЛЕНИНГРАД ба номи М. Горкий коллективи эҷодӣ, яке аз аввалин театрҳое, ки баъди Револютсияи Кабири Сосиалисти. Октябр таъснс ёфтааст. Дар ташкили он М. Горкий, М. Ф. Андреева, А. А. Блок фаъолона иштирок намудаанд. Театр соли 1919 бо спектакли «Дон Карлос»-и Ф. Шиллер кушода шуд. Муассисаи равияи қаҳрамонию романтикиро асоси фаъолияти театр қарор доданд.

25

Ҳайати онро актерони барҷаста Ю. М. Юрьев, Н. Ф. Моиахов, В. В. Максимов, А. Н. Лаврептев, В. Я. Софронов, режиссёрон Б. М. Сушкевич, Н. В. Петров, рассомон М. В. Дроужинский, А. Н. Белуа ва дигарон ташкил медоданд. Соли 1932 ба театр номи М. Горький, 1964 улвони академӣ дода шуд. Дар саҳнаи театри мазкур як зумра ҳунарпешаҳои намоён — Артистони Халқии СССР Е. 3. Копелян, Е. А. Лебедев, К. Ю. Лавров, Артистони Халқии РСФСР Л. И. Макарова, Е. А. Попова, В. И. Стрежельчик ва дигарон ба камол расидаанд. Саррежиссёри театр — Артисти Халқии СССР Г. А. Товстоногов (аз соли 1956 то алҳол). Театр бо ордени Байрақи Сурхи Меҳмат (1971) ва ордени Революцияи Октябр (1979) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …