Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ТЕАТРИ КАЛОНИ СССР,

ТЕАТРИ КАЛОНИ СССР,

ТЕАТРИ КАЛОНИ СССР, коллективи эҷоди, Театри Калони давлатии академии СССР. Театри опера ва бабалети советӣ, калонтарин маркази маданияти театрию мусиқии рус, советӣ ва ҷаҳонист. Дар инкишофи театри мусиқӣ ва ташаккули анъанаҳои миллии санъати опера ва балети рус роли бузург бозидааст. Соли 1776 дар Москва таъсис ёфтааст. Бинои ҳозираи Театри калони СССР соли 1825 кушода шудааст (меъмор О. И, Бове, соли 1856 тармим гардидаст, сеъмор А. К. Кавос). Дар саҳнаи Театри калони СССР аввалин операҳои русӣ гузошта шудаанд.

teatri-sssr

Дар асри 19 таҳияи опера ва балетҳои композторони бузурги рус, М. И. Глинка, А. С. Даргомыжский, П. И. Чайковокий, М. П. Мусоргский, А. П. Бородин, Н. А. Римский-Корсаков, инчунин асарҳои як қатор композиторони Европаи Ғарбӣ дар инкишофи Театри калони СССР ва ташаккули принципҳои реалистӣ дар санъати вокалии он роли калон бозидааст. Дар ибтидои асри 20 мактаби вокалӣ (Ф. И. Шалянин, А. В. Нежданова, Л. В. Собинов) ва балет рус (Е. В. Гельцер, В. Д. Тяхомиров, С. В. Фёдорова) шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Револютсияи Кабири Социалистии Октябр ба инкишафи Театри калони СССР имкониятҳои васеъ фароҳам оварда, дари онро ба рӯн оммаи васеи меҳнаткашон кушод. Театри калони СССР соли 1919 унвони академӣ гирифт. Дар инкишоф ва пешравии Театри калони СССР Сарояндагон — В. В. Барсова, Н. А. Обухова, К. Г. Держинская, И. С. Козловский, С. Я. Лемешев, И. Д. Михайлов, А. С. Пирогов, М. О. Рейзен, М. П. Максакова, И. К. Архинова, Е. В. Образцова, А. П. Огнивцев, В. А. Атлантов, Е. Е. Нестеренко ва дигарон солистони балет — М. Т. Семёнова, Г. С. Уланова, 0. В. Лепешинсная, А. Н. Ермолаев, А. М. Месссрер, М. М. Плисецкая, Е. С. Максимова, Н. И. Бессмертнова, В. В. Васильев, М. Лиепа, ва дигарон дирижёрон — В. И. Сук, Н. С. Голованов, А. М. Пазовский, А. Ш. Мелик-Пашаев, Ю. В. Файер, Б. И. Хаикин, 10. И. Симонов ва дигарон; режиссёрон Л. В. Баратов, Б. А. Покровскин, И. М. Туманов ва дигарон; балетместерон — Р. В. Захароз, Л. М. Лавровский, Ю. Н. Григорович ва дигарон; рассомон — Ф. Ф. Федоровский, В. Ф. Рындин, С. Б. Вирселадзе ва дигарон ҳиссаи калон гузоштаанд. Аз ҳунарпешаҳои тоҷик Артистони хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Б. Муҳаммадқулов ва В. Каримов назди студияи вокалии Театри калони СССР малакаи сарояндагии худро сайқал додаанд. Аз соли 1961 спектаклҳои Театри калони СССР дар Қасри Сьездҳои Кремль низ намоиш дода мешаванд.
Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1937, 1976).

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …