Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ТЕАТРҲОИ БАЧАГОНА

ТЕАТРҲОИ БАЧАГОНА

ТЕАТРҲОИ БАЧАГОНА, як навъи театр, дастаҳои ҳаваскории театрӣ, ки ҳайати онро бачаҳо ташкил медиҳанд, як шакли эҷодиёти бачагон. Театри бачагона дар мактаб, берун аз мактаб ва муассисаҳои маданию маърифатӣ бо мақсади ташаккул ва қонеъгардондани талаботи бадеию эҷодӣ, шавқу завқ, инкишофи қобилият, тарбияи эстетикӣ ва маърифати бадеии бачаҳо таъсис мешавад.

teatri-bach

Асоси репертуари Театри бачагонаро асарҳои адабиёти бачагона, ки ба сину сол ва хусусиятҳои психологии бачаҳо мувофиқанд, ташкил медиҳанд. Театри бачагона бештар дар Қасрҳо ва хонаҳои пионерону мактаббачагон инкишоф ёфтааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …