Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАШКИЛОТИ ДАВЛАТҲОИ МУТТАҲИДА

ТАШКИЛОТИ ДАВЛАТҲОИ МУТТАҲИДА

ТАШКИЛОТИ ДАВЛАТҲОИ МУТТАҲИДА ташкилоти байналхалқии давлатҳост, кп бо мақсади дастгирӣ ва мустаҳкам кардани сулҳу амният ва инкишофи ҳамкории бахши давлатҳо таъсис шудааст. Устави Ташкилоти давлатҳои муттаҳидаро намояндагони СССР, ШМА, Британняи Кабир ва Хитой соли 1944 дар конференсияи Думбартон-Окс тартиб доданд. Он 26 июни соли 1945 аз тарафи давлатҳои аъзои Коиференсияи муаосисони Сан- Францико ба имзо расид ва 25 октябр 1945 ба ҳукми қонун дарамад.

smm

То 1 Январи 1984 ба ҳайати Ташкилоти давлатҳои муттаҳида 158 давлат (аз ҷумла, СССР, РССУ, РССБ) дохил буданд. Органҳои асосии Ташкилоти давлатҳои муттаҳида: Ассамблеяи Генералии Ташкилоти давлатҳои муттаҳида, Совети Амният, Совети иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Совет доир ба васоят, Суди байналхалқӣ ва Котибот. То 1 январи 1984 38 сессияи навбатӣ, 12 сессияи махсус ва 9 сессияи махсуси фавқулодаи Ташкилоти давлатҳои муттаҳида барпо гардид. Котиби Генералии Ташкилоти давлатҳои муттаҳида (аз 1 январи 1982) Хавер Перес де Куэл яр (Перу), Штаб-квартираи Ташкилоти давлатҳои муттаҳида дар Ню-Йорк воқеъ аст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …