Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАЗОДДИ БАЙНИ ШАҲРУ ДЕҲОТ

ТАЗОДДИ БАЙНИ ШАҲРУ ДЕҲОТ

ТАЗОДДИ БАЙНИ ШАҲРУ ДЕҲОТ, зиддияти антагонистии байни шаҳру деҳотро гӯянд, ки ба ҳамаи формасияҳои ҷамъиятию иқтисодии антагонистӣ хос буда, дар савияи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, маълумот, илм, маданият ва ҳаёти маишӣ, тазодди байни синфҳои ҳукмрони шаҳр ва меҳнаткашони деҳот, синфҳои ҳукмрони деҳот ва меҳнаткашони шаҳр ифода меёбад. Дар давраи капитализм шаҳр деҳотро аз ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсӣ ва маданӣ ба худ тобеъ менамояд ва тазодди мазкур ба дараҷаи олӣ мерасад.

hon-hong

Сосиализм тазодди байни шаҳру деҳотро барҳам дода, барои аз байн бурдани тафовутҳои ҷиддии байни онҳо дар сохти синфи, микдори даромад ва дараҷаи некӯаҳволии моддӣ, дар маданияту маишат шароит фароҳам меоварад. Барҳам додани фарқиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва маданию маишии байни шаҳру қишлоқ яке аз натиҷаҳои муҳимми сохтмони коммунизм мебошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …