Главная / Ҷамъият / ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛХАЛҚЙИ РАДИО ВА ТЕЛЕВИЗИОН

ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛХАЛҚЙИ РАДИО ВА ТЕЛЕВИЗИОН

ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛХАЛҚЙИ РАДИО ВА ТЕЛЕВИЗИОН, ташкилоти демократиест дар соҳаи радиошунавонӣ ва телевизион. Соли 1946 дар Брюосел таъсис ёфт; то соли 1959 ташкилоти банналхалқии радиошунавонӣ ном дошт. Соли 1950 баъди аз Ташкилоти байналхалқии радио ва телевизион баромадани ташкилоти давлатҳое, ки ба Иттифоқи европоии радиошунавонӣ дохил буданд, маркази ташкилотро ба Прага кӯчониданд.

radio-tv
Ташкилоти байналхалқии радио ва телевизион баҳри посдорӣ ва вусъат ёфтани ҳамкории байни мамлакатҳои гуногун оид ба хизмати радиошунавонӣ ва телевизион мекӯшад, доир ба масъалаҳои техникӣ мубодилаи ахбор намуда, аз болои аъзои он барои риояи қатъии низомномаи конвенсияи байналхалқӣ назорат мекунад. Органи олӣ Ассамблеяи генералӣ мебошад (ҳар сол даъват карда мешавад), ки Совети маъмуриро дар мӯҳлати 2 сол интихоб мекунад. Соле 6 бор «Радио ва телевизион»-ро (ба забонҳои англисӣ, франсавӣ, русӣ, немисӣ) нашр менамояд.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

Сулолаи САФФОРИЁН

САФФОРИЁН, сулолаи амирони эронӣ (861—900), ки дар пароканда шудани хилофати Аббосиён ва озод кардани Эрон …