Маълумоти охирин

ТАЗРИҚ

ТАЗРИҚ (арабӣ — тез гузаштан), ҳақн эҳтиқон, доругузаронӣ ба бадан (ба таги пӯст, қабати мушак ё ба даруни вена) бо ёрии сӯзани махсус (шприс, меҳкан). Ҳангоми тазриқ дору нисбат ба истеъмоли он тезтар таъсир намуда, нафъаш зиёдтар ва меъёраш аниқтар мешавад. Одатан барои тазриқ сӯзан, шприс, маҳлули доруи тамйизшударо истифода мебаранд.

tazrik

Он ҷои пӯстро, ки сӯзан мезананд, бо спирт тоза мекунанд. Барои ба мавзеи иллат таъсир расондан доруҳои маҳлулро ба холигиҳои ҷанб (плевра) ва банд тазриқ мекунанд. Тазриқи дохилипӯстӣ барои карахту бедардгардонӣ ва бо мақсади ташхиси касалӣ (масалан, барои ошкор намудани касалии сил) истифода мешавад. Ҳангоми ногаҳон аз кор мондани дил ба он дору мегузаронанд. Тазриқи дохилиҳароммағзиро бо мақсади карахткунӣ ва муолиҷаи баъае касалиҳо ба ҷо меоранд. Ҳангоми тазриқ риояи қоидаҳои асептика ҳатмист. Нигаред низ: Тасриб.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …