Главная / Илм / ТАЗОДДИ МАНТИҚӢ

ТАЗОДДИ МАНТИҚӢ

ТАЗОДДИ МАНТИҚӢ, хатои мантиқиест, ки дар натиҷаи вайрон шудани қонуни зиддият ба амал меояд. Агар ашёву падидаҳои олами объективӣ дуруст инъикос шаванд, тафаккур мунтазам ва безиддият ҷараён мегирад. Мунтазамӣ хосияти зотии тафаккури дуруст мебошад. Мувофиқи қонуни зиддият ду ҳукми муқобил, ки оид ба як предмет дар як нисбат гуфта шудаанд, дар як вақт ҳақ буда наметавонанд, яке аз онҳо ногузир бояд дурӯғ бошад. Масалан, дар байни ҳукмҳои «Кӯҳҳои Помир баланданд» ва «Кӯҳҳои Помир пастанд» зиддият ҷой дорад, зеро онҳо дар як вақт ҳақ буда наметавоианд. Баъди ба вуҷуд омадани назарияи аксиоматикии маҷмӯъ тазодди мантиқӣ дар илм васеъ истифода шуд. Зеро дар сурати дар система ё назария ҷой доштани тазодди мантиқӣ ҳар гуна амрро исбот кардан мумкин аст. Бе тазодди мантиқӣ чунин системаҳо маъно надоранд ва дар онҳо дурӯғро аз рост фарқ кардан мумкин нест.
Н. Сайфуллоев.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САТҲ (дар математика)

САТҲ (дар математика), яке аз мафҳумоти асосии геометрия аст, ки дар фаслҳои мухталифи он маъноҳои …