Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЗКИРАТ – УЛ – МУОСИРИН»

«ТАЗКИРАТ – УЛ – МУОСИРИН»

«ТАЗКИРАТ – УЛ – МУОСИРИН» тазкираи мухтасарест, ки шайх Муҳаммадалӣ Ҳазини Лоҳиҷӣ соли 1749 таълиф кардааст. Аз муқаддима ва ду фирқа (боб) иборат аст. Дар фирқаи аввал зикри бист нафар уламо омадааст, ки ба шеър таваҷҷӯҳ доштанд. Фирқаи дуюм шарҳи ҳол ва намунаи эҷодиёти 31 шоирро дар бар мегирад. Ҳамаи онҳое, ки зикрашон дар «Тазкират-ул-авлиё» омадааст муосири муаллиф буда, аз соли таваллуди ӯ (1689) то замони таълифи асар умр ба сар бурдаанд. Ҳазин бо аксари уламову шуарои мазкур мусоҳиб ва аз ҳаёту эҷодиёти онон огоҳ будааст. Дар ин маврид ӯ тазкиранигорони муосирашро, ки шоиронро нашинохтаю надониста, дар бораашон шарҳи ҳол менавиштанд ва ё шеъри як шоирро ба шоири дигаре нисбат медоданд, танқид кардааст. «Тазкират-ул-авлиё» соли 1874 дар Лакхнав (Ҳиндустон; дар замимаи «Кӯллиёт»-и Ҳазия), соли 1894 дар Конпур (Ҳиндустон) ва соли 1956 дар Исфаҳон (Эрон) ба табъ расидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …