Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЗКИРАТ-УЛ-АВЛИЁ»

«ТАЗКИРАТ-УЛ-АВЛИЁ»

«ТАЗКИРАТ-УЛ-АВЛИЁ» тазкираест, ки Фариддудини Аттор таълиф кардааст. Ба забони тоҷикӣ навишта шудааст. Дар он оид ба 96 нафар машоихи машҳури суфия, мақомот ва аҳволи тасаввуфӣ маълумот ҷамъоварӣ шуда, шатҳиёт ва каромоти суфиён низ зикр шудаанд.
Муаллиф аз «Шарҳ-ул-қулуб», «Кашф-ул-асрор» ва «Маъриф-ун-нафс» истифода намудааст. Бино ба таҳқиқоти муҳаққиқони эронӣ, Аттор аз «Табақот-ус-сӯфия»- и Абдурраҳмони Суламӣ, «Рисолаи қушайрия»-и Абулқосими Қушайрӣ, «Кашф-ул-маҳбуб ли арвоб-ил-қулуб»-и Чуллобии Ҳаҷвирӣ, «Ҳилат- ул-авлиё»-и Абдуллоҳи Исфаҳонӣ ва ғайра низ баҳра бардоштааст. Матки асосии «Тазкират-ул-авлиё» аз 72 боб иборат буд, вале дар дастнависҳои тозае ки баъди асри 13 навишта шудаанд, 25 боби дигар изофа шудааст. Ҳар як боб ба шарҳи ҳол ва афкору гуфтори як нафар намояндаи тасаввуф оид мебошад, ки аз рӯи (мақоми афкори ирфониро муайян намудан мумкин аст. Аз ин рӯ, «Тазкират-ул-авлиё» барои омӯхтани таърихи афкори тасаввуфӣ манбаи муҳимме ба шумор меравад. «Тазкират-ул-авлиё» ба забонҳои туркӣ, арабӣ, франсавӣ тарҷума шудааст.
Адабиёт: Муҳаммедходжаев А., Мировозрение Аттора, Душанбе, 1974.
И. Зиёев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …